Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратТаҳсилот
Аз аввал хондан

Барои комилан амалӣ намудани ин мақсад тарафайн ба хулосае омаданд, ки созишномаи тиҷорати озодро бо тартиби иловагии муайян намудани ҷои тавлиди мол пурра намоянд. Бо ин усул пеши роҳи молҳоеро, ки аз тарафи Канада ба ШМА дароварданӣ мешаванд, гирифта мешуд.

Бояд зикр намуд, ки дар муҳлати хеле кӯтоҳ дар натиҷаи ҳамоҳангсозии қонунҳои ду давлат дар соли 1999 ҳаҷми сармоягузории дуҷониба ба 79 миллиард доллари амрикоӣ расид.

Барои ҳалли ихтилофоти бавуҷудомада тарафайн ба қароре омаданд, ки дар асоси он комиссияи муштараки иқтисодӣ таъсис намоянд, ки ҳалли ҳамаи масъалаҳои иқтисодиро ин комиссия ба ӯҳда гирифт.

Бояд таъкид намуд, ки раванди ҳамгироӣ тамоми қитъаи Америкои Лотиниро фаро гирифта буд. Чӣ дар ҷануби ин қитъа ва чӣ дар маркази он мамлакате намонда буд, ки ба ягон созмони минтақавӣ дохил нашуда бошад. Албатта, ин тақозои замон буд. Дар муттаҳидшавӣ сарварони ин давлатҳо роҳи ҳалли ҳарчӣ зудтари масъалаҳои иқтисодии кишвари худ, аз ҷумла тараққиёти саноати ҳозиразамон, сохтмони алоқа, хизмати маишӣ ва ҳалли масъалаҳои қарзи байналмилалиро пеш мегиранд. Дар тамоми созмонҳои номбурдаи қитъаи Америкои Лотинӣ бо сабабҳои қафомонии иқтисодӣ ва сиёсии ин мамлакатҳо проблемаҳои дигаре низ ҷой доштанд, ки ба тараққиёти пайдарпаи онҳо монеа мешуданд.

Барои бартараф намудани проблемаҳои ҷойдошта роҳбарияти ҳар як давлат бо роҳу усулҳои худ ислоҳоти иқтисодӣ доир намуда, кӯшиш мекард, ки мувозинати қисми даромад ва хароҷоти буҷет, тавозуни (баланси) содирот ва воридоти мамлакат, устувории қурби асъори миллиро таъмин намояд. Масалан, Аргентина гузаронидани ислоҳоти иқтисодиро дар нархи озод медид.

Пешбинӣ шуда буд, ки дар натиҷаи дуруст ва сари вақт амалӣ шудани ин нақша вазъи иқтисодии мамлакат дар муҳлати хеле кӯтоҳ беҳтар гардида, ба хусусигардонии истеҳсолоти давлатӣ кӯмак мерасонад.

пешина
аз 785
навбатӣ