Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Ҳукумати Бразилия бошад, барои татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ барномаи устуворгардонии иқтисодиётро тасдиқ намуда, барои ғанитар гардондани буҷети давлатӣ - аз нав дида баромадани системаи андозситонии мамлакат, гузаронидани ислоҳоти пул ва дар асоси он ворид намудани асъори нави миллӣ, озод намудани савдои хориҷиро пешбинӣ карда буд.
Дар баробари иҷрои мақсадҳои боло, соли 1988 Мексика дастурамали иловагиеро бо номи "Устуворгардонӣ ва инкишофи иқтисодиёти давлатҳои Америкаи Лотинӣ" қабул кард, ки он дар муддати хеле кӯтоҳ ҳамчун барномаи асосии мубориза бо бӯҳрони иқтисодӣ ва бекурбшавии пул истифода бурда мешуд.
Дар асоси ин дастурамал барои пешгирӣ намудани бекурбшавии пул Ҳукумати Мексика чораҳои қатъии назорати соҳаи асъор ва молия, нарх ва музди меҳнатро ҷорӣ намуда, барои баланд бардоштани қурби пули миллӣ нисбат ба доллари амрикоӣ кӯшишҳои зиёде кард.
Бо татбиқи тадбирҳои боло соли 1990 вазъи буҷети якчанд мамлакатҳои Америкаи Лотинӣ (Мексика, Аргентина, Чили, Бразилия) солим шуда, афзоиши қисми даромад нисбат ба хароҷот қариб 4 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил намуд.
Сабаби асосии ин муваффақиятҳои бузурги давлатҳои номбаршуда дар раванди ҳамгироӣ буд.
Албатта, раванди ҳамгироии давлатҳои қитъаи Америкаи Лотинӣ, агар аз як тараф, оҳиста-оҳиста боиси мустаҳкамшавии робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодии давлатҳои аъзои иттиҳод гардида бошад, аз тарафи дигар, дар натиҷаи ташкили корхонаҳои нав ва истеҳсоли маҳсулоти сермасриф ин давлатҳо таҷрибаи ба бозорҳои ҷаҳонӣ баромаданро пайдо намуданд.
Бо вуҷуди муваффақиятҳои бадастомада бояд таъкид намуд, ки фаъолияти иттиҳодҳои зикршуда дер давом накарда, бо сабабҳои гуногуни объективӣ ва субъективӣ қатъ гардид.
Якчанд сабабҳои асосии барҳамхӯрии равандҳои аввалини ҳамгироии минтақавии давлатҳои қитъаи Америкаи Лотиниро шарҳ додан мувофиқи мақсад мебуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё