Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

маротиба давлатҳои аъзои ОПЕК тавонистанд, ки афзудани талаботи ҷаҳонро ба нафт ба фоидаи худ дуруст истифода баранд.

Бо сабаби сар задани ҷанги Исроилу Фаластин дар соли 1973 ва кам кардани ҳаҷми истеҳсоли нафт, арзиши он якбора чор маротиба баланд шуд, зеро 55 фоизи истихроҷи нафт дар зери назорати онҳо буд.

Дуюм, дар ин давра тамоми давлатҳои истеъмолкунандаи нафт мустақилона қудрати таъмин намудани давлати худро надоштанд.

Нархи нафт солҳои 1979-80 низ бо сабаби инқилоби Эрон, ки роҳи интиқоли нафтро ба бозори ҷаҳонӣ баста буд, якбора ба 340% афзуд ва нархи як баррел нафт ба 35 доллари ШМА расид.

Дар чунин ҳолат Арабистони Саудӣ ҳамчун яке аз калонтарин давлатҳои истеҳсолкунандаи нафт вазъияти баамаломадаро ба нафъи худ истифода бурда, байни аъзоёни боқимондаи ОПЕК меъёрҳои истихроҷ ва фурӯши нафтро бо мақсади нигоҳ доштани нархи нафт муайян намуд. Танҳо баҳри амалӣ шудани ин мақсад дар муҳлати хеле кӯтоҳ, агар дар кулли давлатҳои аъзои ОПЕК ҳаҷми истеҳсоли нафт 45 фоиз кам карда шуда бошад, дар Арабистони Саудӣ 80 фоиз кам карда шуд. Чунин тамоил якбора ҳиссаи давлатҳои аъзои ОПЕК-ро, агар дар ҳаҷми умумии истеҳсоли нафт дар ҷаҳон аз 55,5 то 32 фоиз паст фароварда бошад, пас ҳиссаи ҷамъулҷамъи чунин давлатҳои бузург, ба мисли ШМА, СССР, Норвегия, Мексика, Британияи Кабир, ки ба ҳайати давлатҳои аъзои ОПЕК шомил нестанд, 44 фоиз афзуд. Азбаски нархи нафт баланд шуд, бисёр давлатҳои ҷаҳон истифодаи газ, ангишт, нерӯи барқ ва атомро афзалтар мешумориданд, зеро захираҳои онҳо қариб дар қаламрави ҳар яке ин давлатҳо вуҷуд дошт ва ба роҳ мондани истифодаи онҳо вобастагии ин давлатҳоро аз давлатҳои аъзои ОПЕК озод мекард.

Амалӣ намудани чунин сиёсат ба он оварда расонд, ки давлатҳои аъзои ОПЕК аз сиёсати баланд нигоҳ доштани нарх оҳиста-оҳиста зарари калон медидагӣ шуданд.

Дар баробари кам шудани ҳаҷми истеҳсоли нафт дар ҷаҳон ва бо сабаби истифодаи дигар намудҳои сӯзишворӣ талаботи

пешина
аз 785
навбатӣ