Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
истеъмолгарон яку якбора кам шуд. Аз вазъияти баамаломада чунин давлатҳои ОПЕК, ба мисли Нигерия, Индонезия, Венесуэла ва Эрон, ки асоси даромади миллии онҳоро фурӯши нафт ташкил медод, бештар зарар диданд. Давлатҳои номбурда маҷбур шуданд, ки ҳаҷми истеҳсоли нафтро зиёд намуда, арзиши нафтро бе даҳолати "ОПЕК" худсарона муайян кунанд. Соли 1986 Арабистони Саудӣ пурра иқрор шуд, ки вай дар ин давра сиёсати хаторо пеш гирифта, сабабгори пайдоишии давлатҳои нави интиқолкунандаи нафт шудааст ва то андозае бозори ҷаҳониро аз даст додааст. Ин буд, ки барои ислоҳи чунин вазъият нархи як баррел нафт аз 30 доллари ШМА то ба 10 доллари амрикоӣ фароварда шуд.
Соли 1987 давлатҳои аъзои ОПЕК бо иштироки СССР, ШМА ва Мексика бо мақсади роҳ надодан ба хатогиҳои ҷойдошта ва таъмин намудани меъёри муайяни нархи нафт дар даҳсолаҳои наздик ба хулосае омаданд, ки меъёрҳои (квота) истеҳсол ва фурӯши нафти ҳар давлатро дар бозори ҷаҳонӣ муайян намоянд. Чунин ҳамдигарфаҳмӣ боиси каме боло рафтани нархи нафт гашта, 1 баррели он 18 доллари амрикоиро ташкил медод. Аммо ин дер давом накард. Соли 1988 дар муносибатҳои давлатҳои Шарқи Наздик, аз ҷумла байни Ироқу Кувайт ва Арабистони Саудӣ тез-тез ихтилофҳо сар мезаданд. Чунин ихтилофҳо соли 1988 ба паст шудани арзиши нафт сабаб шуданд. Ин ҳолат вазъияти ширкатҳоеро, ки ба ҳайати ОПЕК дохил набуданд, хеле душвор гардонд. Шароит онҳоро маҷбур сохт, ки ба давлатҳои аъзои ОПЕК муроҷиат карда, хоҳиш намоянд, ки то дар ҷаҳон мӯътадил шудани нархи нафт ҳаҷми истеҳсоли онро кам кунанд. Охирҳои соли 1988 дар натиҷаи дастгирӣ намудани ин пешниҳод аз тарафи Ироқ ва Эрон нархи нафт боло рафта, як баррел ба 18 доллари ШМА расид.
Соли 1990 давлати Кувайт бар хилофи созишномаи имзошуда ба яктарафа зиёд намудани истеҳсоли нафт қарор дод. Азбаски чунин рафтор ба Президенти Ироқ Саддом Ҳусейн маъқул нашуд, байни Ироқу Кувайт ҷанг сар зад. Бо сабаби ҷанг истеҳсолу содироти нафт аз қаламрави ду давлати бузурги интиқолдиҳанда қатъ гардид ва нархи як баррели он босуръат боло рафта, ба 41 доллари ШМА расид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё