Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Аз чунин вазъият давлатҳои дигари аъзои ОПЕК ва ширкатҳои хусусӣ истифода намуданд ва ҳаҷми истеҳсоли нафтро зиёд карда, ҷои холимондаи бохтҳои солҳои пешро пур карданӣ мешуданд. Охирҳои соли 1990 бо анҷоми ҷанг нархи як баррел нафт ба 25 доллари ШМА расид. Аммо маълум буд, ки бо сабаби риоя накардани меъёрҳои муайяншуда, худсарона зиёд кардани истеҳсоли нафт оҳиста-оҳиста ба пастшавии нархи нафт оварда мерасонад. Ва чунин ҳам шуд. Агар дар оғози соли 1991 нархи як баррел нафт 16,2 доллари америкой бошад, солҳои 1998-1999 ба 8 доллари ШМА фуромад.

Аз 1 январи соли 2000 ҷанги Югославия ва ҷанги Чеченистон боиси оҳиста - оҳиста боло рафтани нархи нафт гардид.

21-29 марти соли 2000 дар шаҳри Вена ҷаласаи ғайридавбатии давлатҳои интиқолкунандаи нафт ОПЕК баргузор гашт. Дар натиҷаи фишори Президенти ШМА ОПЕК маҷбуран меъёрҳои истеҳсоли нафтро барои мамлакатҳои содиркунанда ва интиқолкунанда зиёд кард. Пешбинӣ шуда буд, ки дар натиҷаи чунин амал дар нимаи дуюми соли 2000 нархи як баррел нафт бояд ба 22 доллари ШМА фарояд. Ва барои он, ки солҳои охир Россия содироти нафтро зиёд карда буд, ин ҳолат ба қисми даромаднокии буҷети Россия таъсири калон расонд.

§ 5.4. Ҳамгироии арабӣ

Кишварҳои араб дар ду қитъа - Африка ва Осиё воқеъ буда, минтақаи махсусеро ташкил медиҳанд, ки дар иқтисодиёт ва сиёсати ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байнамилалӣ нақши бағоят муҳим дорад. Алҷазоир, Арабистони Саудӣ, Аморатҳои Муттаҳидаи Араб, Баҳрайн, Кувайт, Ироқ, Либия, Лубнон, Мағриб, Мавритания, Миср, Сомалӣ, Сурия, Судон, Саҳрои Ғарбӣ, Тунис, Уммон, Яман, Урдун, Фаластин, Қатар ва Ҷибути кишварҳои араб ба шумор мераванд.

Олами араб минтақаи пурихтилоф, пуртазод, ва аз назари тараққиёт, нобаробар мебошад. Ин пораи ҷаҳон ҳамеша арсаи

пешина
аз 785
навбатӣ