Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
талоши қудратҳои ҷаҳонӣ барои тасаллут ва ба манфиатҳои худ тобеъ кардани он буд. Ин минтақа, ки дар он қисми зиёди захираҳои ҷаҳонии нафту газ ҷойгир аст, мавқеи ниҳоят муҳими стратегӣ дорад.
Давлатҳои Европан Ғарбӣ — Британияи Кабир, Франция ва Италия ҳамеша мекӯшиданд, ки ин минтақаро байни худ аз ҷиҳати нуфуз тақсим кунанд. Дар замони олами дуқутбӣ кишварҳои минтақа дар мадори манфиатҳои ШМА ва Иттиҳоди Шӯравӣ давр мезаданд. Бар замми ин миёни худи кишварҳои араб ҳам ягонагӣ набуд, балки онҳо дар ҳалқаи ихтилофоти сершумори сиёсӣ, ғоявӣ, марзӣ, иқтисодӣ, қабилавӣ ва ҳоказо гоҳу ногоҳ мондаанд. Табиист, ки омилҳои мазкур на танҳо ба муттаҳид гардидани кишварҳои араб мусоидат намекарданд, балки ҳамгироии онҳоро низ душвор месохтанд. Бо вуҷуди ин ғояи иттиҳоди олами араб ҳамеша намояндагони аҳли сиёсат ва тафаккури арабро ба худ ҷалб мекард. Дар баробари равандҳои ҷудоихоҳона, арабҳо барои муттаҳид шудан низ кӯшишҳо карда буданд. Яке аз кӯшишҳои қобили мулоҳиза дар роҳи муттаҳид гардидани арабҳо дар қарни бистум ҳамоно ташкил шудани давлати ягона — Ҷумҳурии Муттаҳидаи Араб буд, ки он ба шарофати музокироти Раиси ҷумҳурии Миср Ҷамол Абдулносир бо Раиси ҷумҳурии Сурия Шукрӣ Куатлӣ 1 феврали 1958 сурат гирифта буд. 21 феврал аҳолии Миср ва Сурия аз тариқи райъпурсӣ ташкили ин давлатро дастгирӣ намуданд. Дар эъломияи иттиҳоди нав гуфта шуда буд, ки "ҳар ду кишвар ба сифати иқдоми муқаддамотӣ ба сӯи ваҳдати комили арабӣ муттаҳид шуданд" ва Ҷумҳурии Муттаҳидаи Араб "мақсад дорад ҳамаи халқҳои арабро якҷоя кунад ва нияти ба он пайвастани давлатҳои дигари араб ҳам дар асоси иттиҳод ё федератсия мавҷуд аст". Моҳи марти 1958 Яман дар асоси федеративӣ ба Ҷумҳурии Муттаҳидаи Араб пайваст. Қонуни асосии муваққатии Ҷумҳурии Муттаҳидаи Араб нашр гардид, ки Ҷумҳурии Муттаҳидаи Арабро ҷумҳурии демократии соҳибихтиёр ва мардуми онро ҷузъи миллати араб эълон намуд. Пойтахти давлати нав Қоҳира шуд. Вале ин давлат дер напоид ва дар натиҷаи табаддулоти ҳарбӣ дар Сурия ин кишвар аз ҳайати Ҷумҳурии Муттаҳидаи Араб баромадани худро эълон кард. Имрӯз олами араб дар созмонҳо ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё