Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
иттиҳодҳои гуногуни минтақавии арабӣ ба монандӣ Ҷомеаи Давлатҳои Араб, Шӯрои Ҳамкории Давлатҳои Халиҷ, Иттиҳоди Мағриби Арабӣ ва ғайра ҷиҳати ҳамгироӣ ва ҳамоҳангӣ ҳамкорӣ менамоянд. Вале ягона созмони минтақавие, ки тамоми давлатҳои арабиро ба ҳам мепайвандад, Ҷомеаи Давлатҳои Арабӣ мебошад.
Ҷомеаи Давлатҳои Арабӣ пайванди минтақавии бисту як давлати араб мебошад. Он инчунин хосияти байналмилалӣ пайдо намудааст, ки бозтоби аз ҳама намоёни он "мақоми нозир"-и ин Ҷомеа дар созмони Милали Муттаҳид ва эътирофи расмии намояндагиҳои хориҷии он аз ҷониби кишварҳои мизбон мебошад.
Ҷомеа барои амалӣ кардани ҳадафҳои зерин таъсис дода шудааст:
а) ташвиқ намудани муносибатҳо байни кишварҳои узв дар
соҳаҳои иқтисодиёт, молия, нақлиёт, фарҳанг ва тандурустӣ;
б) ҳамоҳанг намудани сиёсати кишварҳои узв бо мақсади
ҳимояи амнияти миллӣ ва ҳифзи истиқлолият ва соҳибихтиёрии онҳо;
в) мусоидат намудан ба манфиатҳои муштараки кишварҳои узв.
Ҷомеа 22 марти соли 1945 бо қабул намудани эъломияи расмӣ, ки "Паймони Ҷомеаи Давлатҳои Арабӣ" ном дорад, арзи вуҷуд кардааст. Ин Паймонро танҳо роҳбарони ҳафт давлати араб имзо карда буданд, зеро узвият дар созмони навтаъсис танҳо бо давлатҳои мустақили араб маҳдуд шуда буд.
Мақоми олии сиёсатгузори Ҷомеа Шӯрои он мебошад, дар ҳоле ки Котиботи Кулл ва мақомоти дигар ба сифати дастгоҳи иҷроияи Ҷомеа хизмат мекунанд. Шӯрои Ҷомеа метавонад дар сатҳи сарварони давлат ё вазирони корҳои хориҷӣ ё вакилони доимӣ барпо гардад. Котиби Кулли Ҷомеа Аҳмад Исмаат Абдулмаҷид буда, қароргоҳи Ҷомеа шаҳри Қоҳира аст.
Бим дар муқобили таҷовузҳои эҳтимолии ҳамсоягони бузурги худ - Эрон ва Ироқ боис шуда буд, ки кишварҳои арабии ҳошияи Халиҷи Форс 18 сол пеш дар Шӯрои Ҳамкории Давлатҳои Халиҷ муттаҳид гарданд, ҳарчанд орзуи онҳо дар бораи пайванди иқтисодӣ ҷомаи амал напӯшидааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё