Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Арабистони Саудӣ, Кувайт, Қатар, Баҳрайн, Уммон ва Аморатҳои Муттаҳидаи Араб, ки шӯроро 25 майи соли 1981 дар Абузабӣ таъсис додаанд, ҳанӯз ҳам дар масъалаҳои асосии муносибатҳои байнамилалӣ ақидаҳои мухталиф доранд.

Нерӯҳои муштараки мудофиаи онҳо натавонистанд, таҷовузи Ироқро ба Кувайт дар соли 1990 пешгирӣ намоянд ва аз он вақт то ба ҳол ба онҳо муяссар нашудааст, ки ба пешравие ноил гарданд, ҳарчанд дар бораи таҳкими ин қувваҳо - "Сипари нимҷазира" борҳо изҳори назар карда буданд.

Сарфи назар аз муваффақиятҳои ин шаш давлат дар иқтисодиёт, онҳо ҳанӯз натавонистанд созишномаи соли 1983-ро дар бораи ҷорӣ кардани тарифҳои муштараки гумрукӣ ва асъори муштарак, кушодани бозорҳо ва дар ниҳояти кор эҷоди бозори муштарак ба намунаи Иттиҳоди Европа иҷро намоянд.

Ҳамчунин кишварҳои Миср, Урдун ва Яман дар як Шӯрои ҳамкорӣ ба ҳам пайванд буданд. Вале баъди он, ки ин се кишвар дар масъалаи ишғоли Кувайт аз ҷониби Ироқ мавқеъҳои гуногун гирифтанд, ҳамкории онҳо дар чаҳорчӯби ин Шӯро номуайян мондааст.

Иттиҳоди дигаре, ки дар қисмати ғарбии олами араб арзи вуҷуд намудааст, Иттиҳоди Мағриби Арабӣ мебошад. Ин иттиҳод кишварҳои арабии Африкаи шимоли ғарбиро ба ҳам мепайвандад.
Ғояи эҷоди "Мағриби Бузург" баъд аз озод гардидани кишварҳои ин минтақа аз истеъмор беш аз пеш устувор мегардид. Вале ҳар бор кӯшишҳои воқеан ба ҳам пайвастани ин кишварҳо бинобар ихтилофоти байниҳамӣ, тазодҳои дохилӣ ва даҳолатҳои хориҷӣ бо нокомӣ меанҷомид. Ҳоло баъзе соҳибназарон чунин ақида доранд, ки Иттиҳоди Мағриби Арабӣ бештар иттиҳоди бюрократӣ буда, аз иҷрои вазифаҳое, ки бар ӯҳда гирифта буд, набаромадааст.

Кишварҳои арабии нафтдор барои густариши ҳамкорӣ ва
ҳамоҳангӣ байни худ созмони минтақавии ОАПЕК (Созмони
кишварҳои арабии содиркунандаи нафт)-ро ба монанди ОПЕК
ташкил доданд, ки Арабистони Саудӣ, Қатар, Сурия, Баҳрайн,

пешина
аз 785
навбатӣ