Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

роҳи халосӣ ёфта бошанд, пас барои мӯътадил гардонидани вазъи иқтисодии худ Ҳукумати Арабистони Саудӣ маҷбур шуд, ки аввалин маротиба аз созмонҳои молиявии байналмилалӣ қарз гирад.

Дар натиҷаи чорабиниҳои муҳим баъд аз ду сол дар иқтисодиёти Арабистони Саудӣ тамоили пешрафт ба назар расид. Солҳои 1991-92 ҳаҷми маҳсулоти дохилӣ дар як сол ба ҳисоби миёна 6 фоиз афзуд.

Ҳукумати Арабистони Саудӣ барои аз навсозии мамлакат тамоми шароитҳои мавҷудаи худро сафарбар намуда буд. Дар баробари истифодаи сармояи давлатӣ соли 1992 зиёда аз 30 миллиард доллари амрикоӣ сармояи шахсони алоҳидаеро, ки дар бонкҳои амонатгузорӣ гузошта шуда буданд, барои азнавсозии шаҳру деҳот равона гардиданд.

Солҳои 1980-1990 суръати баланди тараққиёти байни давлатҳои араб бештар дар Миср ба мушоҳида расид. Дар баробари бунёди соҳаҳои гуногуни истеҳсолоти молҳои саноатӣ ва истеъмолӣ, соҳаҳои мухталифи саноати вазнин барои таъмини эҳтиёҷоти ҳарбии мамлакат тараққӣ меёфтанд.

Дар Миср барои ба ин кишвар ворид намудани сармояи хориҷӣ тамоми шароити лозима муҳайё шуда буд.

Бо кӯмаку иштироки бевоситаи Ҳукумати Миср дар андак мӯҳлат дар регзорҳои ин давлат шаҳрҳои нави саноатӣ бунёд карда шуданд, ки маҳсулоти онҳо бештар барои содирот пешбинӣ шуда буд.

Чунин тамоили тараққӣ додани инфраструктураи мамлакат сарварони давлатҳои дигари арабро низ водор намуд, ки тадриҷан кам шудани захираҳои нафтии худро ба назар гирифта, роҳҳои дигари дарёфтони даромадро ҷустуҷӯ намоянд ва барои тараққӣ додани соҳаҳои гуногуни истеҳсол тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ҷиҳати амалӣ шудани ин мақсадҳо Уммон ва Дубай барои бунёди марказҳои тиҷоратӣ, сохтмони корхонаҳои истеҳсолӣ истифодаи сармояи хусусӣ ва давлатиро бештар ҷалб намуданд.

Дар натиҷа дар кӯтоҳтарин мӯҳлат дар пойтахти давлатҳои араб иншоотҳои замонавӣ, отелу тарабхонаҳо, марказҳои бузурги

пешина
аз 785
навбатӣ