Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ, танҳо бо бунёди созмонҳои умумидавлатие муваффақ шудан мумкин буд, ки он ҳамкории аъзоёни ин созмонро баҳри тараққиёти соҳаҳои гуногуни истеҳсолот вусъат дода метавонад.
Ин нуқтаи назарро ба эътибор гирифта, сарварони давлатҳои Алҷазоир, Либия, Мавритания, Марокаш, Тунис Иттиҳоди Мағриби Арабиро созмон доданд.
Конференсияи сарварони давлатҳои Араб, ки моҳи майи соли 1989 дар Касабланка гузаронда шуда буд, дар амалӣ шудани ин мақсадҳо нақши муҳимеро бозидааст.
Дар асоси қарорҳои якдилона қабулшуда:
роҳи аз ҷиҳати сиёсӣ наздикшавии давлатҳои араб ёфта шуд;
барои ҳаллу фасли проблемаҳо, ки ба пешрафти иқтисодии минтақа зарар меоваранд, иштироку кӯмаки молиявии якҷояи давлатҳо лозим меомад.
Соли 1980 раванди ҳамгироии давлатҳои воқеъ дар Халиҷи Форс оғоз шуд. Ба ҳайати он ҳамаи давлатҳои аъзои Аморат ва Арабистони Саудӣ - Кувайт, Ироқ, Баҳрайн, Аморатҳои Муттаҳидаи Араб, Уммон, Қатар дохил мешаванд.
Аз солҳои 1980 сар карда, вазъи сиёсии давлатҳои араб дар миқёси ҷаҳон тамоман ранги дигар гирифт.
Давлати Миср, Арабистони Саудӣ ва Аморати Муттаҳидаи Араб аз ҷиҳати пешрафти техникаи истеҳсолот, истифодабарии олотҳои пешқадамтарини ҷаҳон, дараҷаи баланди ҳосилнокии меҳнат ва дар асоси он боло рафтани сатҳи зиндагӣ ва афзудани музди меҳнати коргаронро ба назар гирифта, онҳоро ба гурӯҳи давлатҳои нави саноатӣ дохил намуданд.
Аммо дере нагузашта, сар задани ҷанги Ироқу Эрон (августи соли 1980) пешрафти иқтисодии давлатҳои арабро ба якчанд даҳсолаҳо қафо андохт. Дар натиҷаи амалиёти дутарафаи ҷангӣ ба кулли давлатҳои аъзои Иттиҳоди Ҳамкории Араб ба маблағи 670 миллиард доллари америкаӣ зарар расонда шуд.
Агар давлатҳои Халиҷи Форс аз чунин вазъият ба тариқи самаранок истифода бурдани даромадҳои аз нафт бадастовардашуда

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё