Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
тиҷоратӣ, хизматгузории дараҷаи олӣ, истироҳатгоҳҳои бешумор, майдонҳои ҳавоии замонавӣ, бандарҳои бузург сохта шуданд.
Барои ҷалб намудани сармоягузорони хориҷӣ, ки ба равнақу ривоҷи истеҳсолот кӯмак мерасонанд, минтақаҳои зиёди ин мамлакатҳо ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ табдил дода шуданд.
Имрӯзҳо Дубай яке аз калонтарин марказҳои минтақаи озоди иқтисодии давлатҳои араб ба шумор меравад.
Майдони ҳавоии Дубай дар ҳар як дақиқа як ҳавопайморо қабул намуда, ба дигаре иҷозати парвоз медиҳад. Ба ҳавои тафсони 40-45 дараҷаи ин шаҳр нигоҳ накарда, ҳар рӯз аз тамоми гӯшаю канори ҷаҳон миллионҳо нафар одамон ба ин ҷо омада, аз хизмати даҳҳо ҳазор мағозаю марказҳои тиҷоратӣ, аз хизмати маишии чандин қаҳвахонаҳою комплексҳои бузурги истироҳатӣ истифода мебаранд.
Тамоми марказҳои тиҷоратии Дубай аз соати 7-и субҳ то 12 рӯз ва аз соати 16 то соати 3 шаб дар хизмати мизоҷон мебошанд.
Ба сабаби он, ки имтиёзҳои гуногун ва гузаштҳои гуруҳӣ ба минтақаи озоди иқтисодии Дубай дода шудааст, ба ин шаҳр аз тамоми гӯшаю канори ҷаҳон маҳсулоти хӯрокворӣ ва молҳои гуногуни саноатӣ ворид карда мешаванд.
Дар баробари истифодаи минтақаи озоди иқтисодии Дубай ҳамчун маркази фурӯши мол, ҳам бо усули чакана ва ҳам бо усули яклухт, ин минтақа ҳамчун маркази тадқиқот, омӯзиши қобилияти харидории аҳолӣ, талаботи аҳолӣ ба мол, яъне маркетинги бозори молҳои навистеҳсолшуда истифода бурда мешавад.
Дар чунин минтақаҳои озоди иқтисодӣ молҳои воридшаванда аз андозҳои гуруҳии содирот ва воридот, аз андозҳои нисбат ба ин молҳо хос озод мебошанд.
Бинобар ин кулли молҳои арзони ба ин минтақа воридшаванда бозоргиранд.
Ба шарофати ин омилҳо тамоми ширкатҳои шинохтаи ҷаҳон дар минтақаи озоди иқтисодии Дубай намояндагиҳои корхонаҳои худро кушодаанд.
Дар чунин марказҳо баъзе молҳо бо тамғаи фирмаи истеҳсолкунандаи ин давлат ба фурӯш бароварда мешаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё