Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Дар мағозаҳои Дубай асбобҳои мухталифи радиою телевизионии чунин ширкатҳои ҷаҳон, ба мисли "Тошиба", "Санё", "Сони", "Панасоник", "Ҷивиси", автомашинаҳои тамғаи "Мерседес", "Волво", "ДЭУ", мебелҳои истеҳсоли Италия, Эрон, Туркия, давлатҳои Араб, Чехия, Югославия, молҳои рӯзгори истеҳсоли Хитой, Чехия, Россия, Германия, Япония, Корея, маводи озуқаворӣ аз Ҳиндустон, Хитой, ШМА, Европа, Туркия, Эрон, Ироқ ва дигар намудҳои молро дарёфт кардан мумкин аст.
Ҳамаи ин молҳои номбурда ҳар рӯз ба фурӯш рафта, ҷойҳои холии онҳо аз ҳисоби захираҳои дар анборҳо буда пур карда мешавад.
Ҳар як сайёҳе, ки ба Дубай ворид мешавад, на кам аз 5000 доллари американӣ бо худ меорад. Агар дар як рӯз як миллион мусофир ба Дубай ворид шавад, пас 5 миллиард доллари американӣ ба ивази молҳои саноатӣ, озуқаворӣ ва хизматрасонӣ дар Дубай мемонад. Агар даромади солонаи аз фурӯши нафт бадастомада ба ҳар сари аҳолии Дубай 2500 доллари амрикоиро ташкил диҳад, пас аз муомилоти молҳои саноатию озуқаворӣ, хизматрасонӣ ва сервис Дубай ба ҳисоби миёна зиёда аз 60 млн. доллари американӣ ё 18000 доллари ШМА ба ҳар сари аҳолӣ даромади соф гирифта мешавад. Ҳукумати Дубай дар асоси нақшаҳои дар даҳсолаи наздик доштааш, мақсад гузоштааст, ки бандари Ҷабели Алиро, ки дар минтақаи озоди иқтисодии Дубай ҷой гирифтааст, равнақу ривоҷ дода ин минтақаро ба минтақаи "Гонконги асри XX" табдил диҳад.
Дар солҳои охир пойтахти Аморатҳои Муттаҳидаи Араб Абузабӣ ба яке аз марказҳои бузургтарини тиҷоратӣ табдил дода шудааст. Абузабӣ бо захираҳои бузурги нафтии худ дар ҷаҳон хеле машҳур шудааст. Даромади софи он аз фурӯши нафт ба ҳар сари аҳолӣ 29000 доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дар натиҷаи аз нуқтаи назари илмӣ ва талаботи имрӯза бунёд намудани шаҳри Абузабӣ, он ба зеботарин шаҳри дунё табдил дода шудааст. Роҳҳои дутарафаи ба стандарти ҷаҳонӣ ҷавобгӯ, биноҳои боҳашамати оинакардашуда, отелҳои дараҷаи олии "панҷ ситора"-дор, марказҳои тиҷоратии ҳозиразамон, мағозаҳои пур аз моли, истифодаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё