Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
бешумори рекламаҳои барқӣ — ин шаҳри зебои дар регзорҳо бунёдгаштаро боз ҳам зеботар мегардонад. Шаҳри Абузабӣ бо вуҷуди дар маркази биёбон бунёд гаштанаш, чунон сердарахту сабзазор аст, ки бо дидани он дар биёбон буданатонро фаромӯш мекунед.
Мувофиқи пешниҳоди олимони кишоварз дар дақиқаҳои муайяншуда, ба воситаи системаҳои махсуси электронӣ ҳар як бехи дарахтро обёрӣ мекунанд.
Хароҷоти нигоҳ доштани ҳар бехи дарахт аз ҳисоби буҷети шаҳр пардохта шуда, ҳар сол ба ҳисоби миёна 1200 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Дар кишварҳои араб проблемаи бекорӣ умуман вуҷуд надорад. Дар вазифаҳои роҳбарикунанда танҳо арабҳои маҳаллӣ роҳ дода мешаванд. Барои вазифаҳои дигар аз тамоми гӯшаю канори дунё мутахассисон таклиф карда мешаванд. Умуман дар идораҳо, супермаркетҳо, марказҳои тиҷоратӣ, тарабхонаҳо ва корхонаҳои хизматрасонӣ бештар аҳолии Ҳиндустон, Малайзия, Гонконг, Таиланд, Эрон ҷалб карда мешаванд. Барои ба роҳ мондани корҳои вобаста ба истеҳсоли нафт, агар мутахассисон бештар аз ШМА, Англия, Швейтсария, Германия ва Россия даъват карда шаванд, барои корҳои дуюму сеюмдараҷа бошад, қувваи корӣ бештар аз ҳисоби аҳолии давлатҳои мусулмонии қитъаи Африка ҷалб карда мебошад.
Музди миёнаи мутахассисон дар як моҳ аз 10 то 20 ҳазор доллар ва хизматгузорӣ аз 4 то 10 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Чи тавре ки дар давраи солҳои Иттиҳоди Шӯравӣ забони русӣ ҳамчун забони асосӣ дар муносибатҳои халқҳои иттиҳод ба шумор мерафт, дар кишварҳои араб забони англисӣ ҳамчун забони дуюми давлатӣ ба ҳисоб меравад. Бинобар ин шахсоне, ки дар кишварҳои араб кор мекунанд, бояд забони англисиро донанд.
Дар тамоми давлатҳои араб идораҳо ва вазоратхонаҳои давлатӣ рӯзҳои шанбе ва чоршанбе аз соати 8 субҳ то соати 14 ва рӯзи панҷшанбе аз соати 8 то 12 кор мекунанду халос.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё