Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Имрӯз бо суръати баланд корҳои сохтмонӣ вобаста ба васеъкунии бандари Мино-Зайд, ки ҳаҷми корҳои сохмонииаш 60 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад, бурда истодаанд.
Дар баробари ба охир расонидани сохтмони бандари байналмилалӣ дар шаҳри Ал-Айн барои васеъ намудан бандари байналмилалии Абузабӣ маблағи зиёд ҷудо карда шудааст, ки ба воситаи онҳо дар баробари ворид намудани молҳои гуногун боз экспорти нафти хом ва газ зиёд карда мешавад.
Солҳои охир зиёда аз 6 млрд. доллари ШМА сармоя барои равнақу ривоҷи саноати барқ ва соҳаҳои коркарди нафту газ, ки қисми асосии он воқеъ дар ҷазираи Дас мебошад, равона кардаанд.
Бо тараққӣ додани истеҳсолот Ҳукумати Абузабӣ дар минтақаи худ шароитҳои олитарини истироҳатӣ фароҳам меоварад.
Соли 1995 танҳо барои ободонӣ ва муҳайё намудани шароитҳои истироҳатӣ дар ҷазираи Мулу зиёда аз ду миллиард доллари ШМА ҷудо шуда буд.
Равнақу ривоҷи соҳаҳои гуногуни истеҳсолоти Арабистони Саудӣ, Дубай ва Абузабиро ба назар гирифта, солҳои охир сиёсати роҳбарияти Салтанати Уммон низ хеле тағйир ёфт.
Дар натиҷаи ҳисобҳои пешакӣ маълум гардид, ки захираҳои нафти мамлакат тахминан боз ба 20 соли дигар мерасад. Барои дар оянда бо ҷои кор таъмин намудани аҳолии мамлакат сиёсати вусъат додани саноати сабукро пеш гирифтанд.
Нарасидани мутахассисон, таҷҳизот ва маҳсулоти аввала роҳбарияти Салтанати Уммонро водор намуд, ки бо давлатҳои аз ҷиҳати саноати сабук тараққикарда ҳамкорӣ намояд. Ба ин мақсад, тамоми шароит ва имтиёзҳои лозимиро барои сармоядорони хориҷӣ фароҳам оварда, сармояи дохилӣ ва қисми зиёди буҷети давлатии худро барои ривоҷи инфраструктураи мамлакат (бунёди отелҳои дараҷаи олии "панҷ ситорадор", марказҳои тиҷоратӣ, комплексҳои истироҳатӣ, майдонҳои ҳавоӣ, роҳҳо) равона намуданд.
Дар натиҷаи кашфиёти захираи фаровони гази табиӣ солҳои охир Салтанати Уммон ба яке аз давлатҳои асосии интиқолдиҳандаи газ мубаддал гашта истодааст. Салтанати Уммон барои аз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё