Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
вобастагии даромади нафт баровардани вобастагии буҷети давлат даҳсолаҳои охир суръати коркарди конҳои мис, хром (хромовая руда)-ро баланд бардошта, барои индустриякунонии коркарди моҳӣ, инкишофи минбаъдаи соҳаи кишоварзӣ ва равнақу ривоҷи туризм маблағҳои зарурӣ ҷудо намудааст.
Инкишофи соҳаи кишоварзии Салтанати Уммон солҳои охир боиси ҳалли комили проблемаи таъминоти аҳолӣ бо озуқа гардид.
Салтанати Уммон дар натиҷаи ҳамаи ин тадбирҳои самарабахш ба суръати баланди солонаи ҳаҷми маҳсулоти дохилӣ муваффақ шуд ва онро то ба 7,5 фоиз расонд.
Салтанати Уммон дар асоси нақшаи тараққиёти соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат дар солҳои 1996-2001 вазифадор шудааст, ки ба суръати баланди тараққиёти саноати мамлакат ноил шуда, вобастагии буҷети давлатро аз даромади софи нақд пурра аз байн бардорад.
Дар натиҷаи чунин чораҷӯӣ, агар истеҳсоли молҳои саноатӣ дар Арабистони Саудӣ соле 5 фоиз зиёд шавад, дар Салтанати Уммон он соле 6 фоизро ташкил намуд.
Чунин нишондиҳандаи баланди истеҳсоли молҳои саноатӣ давлатҳои мутараққии ҷаҳонро бисёр вақт водор менамояд, ки дар ҳолати авҷи бӯҳрони иқтисодӣ, қисми зиёди молҳои истеҳсолшуда, сармоя ва технологияи худро ба давлатҳои воқеъ дар минтақаи Арабистон гузаронанд ва бо ин роҳ аз беқурбшавии пул ва бӯҳронҳои иқтисодӣ наҷот ёбанд.
Ҳамин тариқ, бояд қайд намуд, ки дар раванди тараққиёти иқтисодии давлатҳои нави саноатии ҷаҳон тамоми талаботе, ки мамлакатҳои мутараққӣ дар давраи гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ риоя намуда буданд, мушоҳида карда мешавад.
Ин талабот, пеш аз ҳама бо ҳам пайвастани истеҳсолот ва сармоягузорӣ, муттаҳидшавии бонкҳо, корхонаҳои истеҳсолӣ ва дар асоси он бунёди сармояи молиявии миллӣ дида мешавад.
Дар вақтҳои охир дар баъзе кишварҳои мутараққии араб
монополияҳои байналмилалии ҳаҷман азиме пайдо шуда истодаанд,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё