Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ки аз ширкатҳои трансмиллии давлатҳои мутараққии ҷаҳон ҳеҷ тавофуте надоранд.

Дар баробари содироти мол солҳои охир тамоили авҷгирии содироти сармояи чӣ хусусӣ ва чӣ давлатӣ ба мушоҳида мерасад.

Корхонаю ширкатҳои бузурги давлатҳои араб намояндагии худро бештар дар давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон, аз ҷумла дар мамлакатҳои Европа, ШМА, Япония, Россия, Украина, Белоруссия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон кушода, бо мақсади дар ояндаи наздик бо молу маҳсулоти худ дар бозорҳои ин мамлакатҳо ва бо сармояи худ дар сохтмонҳои стратегӣ иштирок намудан, дар асри XXI дар тақсимоти байналхалқии меҳнат тағйироти лозимиро дохил карданӣ ҳастанд.

Дар байни давлатҳои араб Кувайт мавқеи хосаеро ишғол менамояд. Вобаста ба захираҳои азими нафтии худ Кувайт яке аз давлатҳои бойтарини на танҳо арабӣ, балки тамоми дунё ба шумор меравад. То саршавии таҷовузи Ироқ ба Кувайт соли 1990 ин кишвар ба гурӯҳи давлатҳои дорои сатҳи баланди даромад ба ҳар сари аҳолӣ дохил мешуд. Маҷмӯи маҳсулоти миллии ин кишвар соли 1994 30,7 млрд. доллари амрикоиро ташкил намуда буд, ки он ба ҳар сари аҳолӣ 16900 долларро ташкил мекард. Соҳаи асосии иқтисодиёти миллии ин кишварро саноати истихроҷ ва коркарди нафт ташкил медиҳад. Захираҳои конҳои нафтии Кувайт 13 млрд. тонна арзёбӣ гардидаанд. Кувайт содиркунандаи фаъоли сармоя ба ҳисоб меравад (авуарҳои хориҷӣ - пасандозҳои шаҳрвандони Кувайт 100 млрд.
доллари амрикоиро ташкил медиҳанд). Бинобар қариб тамоман вуҷуд надоштани заминҳои кишт соҳаи кишоварзии ин кишвар хеле суст тараққӣ кардааст. Вале даромад аз фурӯши нафт ба Кувайт имкон медиҳад, ки тамоми маҳсулоти зарурии озуқа ва оби нӯшокиро ворид намояд. Воҳиди пулии ин кишвар динори кувайтӣ мебошад (як динори кувайтӣ (KD) ба 1000 филс баробар аст). Шарикони асосии тиҷоратии Кувайт Фаронса, ШМА, Италия ва Япония мебошанд.

Дар Кувайт роҳҳои оҳан вуҷуд надоранд, роҳҳои
автомобилгарди ин кишвар 4270 км (3370 км - роҳҳои мумфарш)-ро
ташкил дода, тамоми роҳҳои Кувайт ба талаботи меъёрҳои

пешина
аз 785
навбатӣ