Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратТаҳсилот
Аз аввал хондан

байналмилалӣ ҷавобгӯянд. Бандарҳои муҳимтарини ин кишвар - Мина-Сауд, Мина-Абдуллоҳ, Мина-ал-Аҳмадӣ мебошанд. Солҳои охир бо истифодаи ин бандарҳо ҳаҷми муомилоти молии ин кишвар сол аз сол афзудан мегирад. Ҳукумати Кувайт бунёд намудани минтақаи озоди иқтисодиро пеш гирифтааст. Пойтахти Кувайт - Эл-Кувайт баъд аз барқарорсозии баъдиҷангӣ ба яке аз шаҳрҳои зеботарину замонавии дунё табдил дода шудааст.

Бо вуҷуди комёбиҳои дар соҳаи иқтисодиёт бадастомада, тамоми давлатҳои араб дар муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ доимо дар ҷустуҷӯи роҳҳои боз ҳам мустаҳкам намудани мавқеи худ мебошанд.

Чунин мақсад албатта сабабҳои хосаи худро дорад. Гап дар сари он, ки бо вуҷуди зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли нафти хом даромади софи ин мамлакатҳо бо сабаби паст фаромадани нархи ҷаҳонии як баррел нафт сол аз сол кам шудааст. Паст шудани арзиши нафт дар бозори ҷаҳонӣ албатта сабабҳои объективӣ ва субъективӣ дорад. Сабаби объективии паст шудани арзиш нафт дар бисёр мавридҳо, пеш аз ҳама дар инкор намудани меъёрҳои муайяншудаи истеҳсол ва фурӯши нафт дар бозори ҷаҳонӣ аз тарафи баъзе давлатҳои содиркунандаи нафт зоҳир мешавад.

Масалан, баъд аз ба охир расидани ҷанги Ироқ ва Кувайт Ҳукумати Кувайт барои зуд бартараф намудани оқибатҳои ҷанг ва бунёд кардани шаҳри нави ҳозиразамон ҳаҷми истеҳсол ва фурӯши нафтро дар бозори ҷаҳонӣ яку якбора сечанд аз меъёрҳои муайяншуда зиёд намуд. Чунин ҳолат ба он оварда расонид, ки даромади солонаи кишварҳои араб аз 217,5 млрд. доллари ШМА дар соли 1980 то ба 55,8 млрд. доллари ШМА дар соли 1986 ва соли 1992 то ба 98 млрд. доллари ШМА паст фаромад.

Солҳои 1988-1999 бо сабаби бозсозиҳои давлатҳои ИДМ (яъне ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ), ҳаҷми истеҳсоли нафт дар Федератсияи Россия хеле кам шудааст.

Ин вазъият бо вуҷуди паст будани нархи ҷаҳонии нафт мамлакатҳои арабро водор менамояд, ки ҳаҷми истеҳсоли нафтро босуръат зиёд намуда, даромади бештаре ба даст оранд.

пешина
аз 785
навбатӣ