Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Соли 1980 ҳаҷми содироти нафти хоми давлатҳои араб 45,2% ҳаҷми содироти нафти ҷаҳониро ташкил намуда бошад, пас соли 1985 он 26,6%, соли 1992 38% ва соли 2000 - 42 фоизро ташкил намуда буд. Дар лаҳзаҳои лозимӣ бо сабабҳои беҳад зиёд будани ҳаҷми захираҳои нафт дар афзудани истеҳсоли он дар кулли давлатҳои араб

  • истеҳсолкунандагони нафт ягон мамоният вуҷуд надорад.

Давлатҳои Халиҷи Форс соли 2000 ҳаҷми истеҳсоли якрӯзаи нафти хомро то ба 33 млн. баррел расонданд (соли 1991 дар як рӯз 22,6 млн. баррел нафт истеҳсол шуда буд).

Мувофиқи маълумоти оморӣ захираҳои нафтии давлатҳои араб 635 млрд. баррелро ташкил менамоянд, ки ин баробари 62,4% захираҳои ҷаҳонии нафт мебошад.

Давлатҳои араб сол аз сол даромади худро аз ҳисоби содироти гази табиӣ низ зиёд намуда истодаанд. Дар байни ин давлатҳо содиркунандагони асосии гази табиӣ Алҷазоир, Аморатҳои Муттаҳидаи Араб, Қатар ва Уммон мебошанд. Захираҳои гази табиии кишварҳои араб 25578 млрд. метри мукаабро ташкил медиҳад, ки он 21% ҳаҷми ҷаҳонии гази табиӣ мебошад. Бинобар афзудани талабот ба гази табиӣ содироти он дар даҳсолаҳои охир зиёда аз ду маротиба афзуд.

Сабабҳои субъективии пастшавии нархи як баррел нафт пеш аз
ҳама ба масъалаҳои сиёсии ҷаҳон вобастагӣ дорад. Даҳсолаҳо
мешавад, ки ду давлати бузурги истеҳсол ва интиқолдиҳандаи нафт,
ба монанди Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ироқ дар муҳосираи
иқтисодӣ мебошанд. Роҳҳои тиҷорати Ироқ ба бозори ҷаҳонӣ
тамоман баста аст. Ягон баррел нафти Ироқ барои фурӯш ба бозори
ҷаҳонӣ роҳ дода намешавад. Бо вуҷуди чунин вазъият солҳои охир
сарварони давлатҳои мутараққии ҷаҳон, ба монанди ШМА, Англия,
Франсия ва Канада аз сиёсати сарвари Ироқ Саддом Ҳусейн
норозиянд. Мувофиқи маълумотҳои разведка (кашф) саноати Ироқ
барои истеҳсоли яроқи химиявӣ ва атомӣ пурра омода аст. Барои
исботи ин далелҳо аввалҳои соли 1998 экспедисияи босалоҳияти
Созмони Милали Муттаҳид ба пойтахти Ироқ шаҳри Бағдод
фиристонда шуд. Сафари кории онҳо дер давом накард. Бо сабаби

пешина
аз 785
навбатӣ