Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
роҳ надодани экспертҳои Созмони Милали Муттаҳид ба баъзе объектҳо онҳо кори худро қатъ намуданд.
Хавфи истифодаи қувваи ҳарбӣ ба миён омад. Тамоми сарварони давлатҳои ҷаҳон ва хусусан, котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид Кофе Анан бо роҳи гуфтушунид ин масъаларо ҳал карданӣ шуданд. Аммо ин чораҷӯйҳо натиҷаи дилхоҳ надоданд.
Моҳи майи соли 1998 қувваҳои ҳавоии ШМА тамоми объектҳои стратегии Ироқ ва чоҳҳои нафтро бомбаборон карданд.
Дар натиҷаи ин амалиёт ба иқтисодиёти Ироқ зарари зиёде расонида шуд. Моҳи августи соли 1998 экспедисияи Созмони Милали Муттаҳид кори худро дар шаҳри Бағдод аз нав шурӯъ намуд. Баъд аз ду моҳи корӣ дар натиҷаи айбдоркунии дутарафа комиссия кори худро боз қатъ намуд. Моҳи декабри соли 1998 амалиёти ҳарбии ШМА бо истифодаи киштиҳои бузурги «ЭСИМОС» — ки дар Халиҷи Форс мавқеъ гирифта буд, сар шуд. Бомбаборонкунии шаҳри Бағдод дер давом накард. Бо сабаби оғози моҳи Шарифи Рамазон амалиёти ҷангӣ қатъ карда шуд. Албатта, чунин амалиёти худсаронаи ШМА ва Британияи Кабирро аҳолии тамоми дунё, аз ҷумла аҳолии худи ШМА сахт маҳкум карданд. Чунин вазъияти баамаломада таъсири манфии худро на танҳо ба давлати Ироқ, балки ба иқтисодиёти тамоми кишварҳои араб расонд.
Кам шудани даромади соф аз фурӯши нафт боиси бад шудани вазъияти иқтисодии аҳолии тамоми кишварҳои араб гардидааст.
Аз як тараф, агар суст шудани дастгирии давлатӣ, нарасидани маблағҳои кофӣ барои равнақу ривоҷи соҳаҳои кишоварзӣ вазъи иқтисодии давлатҳои арабро паст кунад, аз тарафи дигар, пай дар пай такрор шудани хушксолӣ вазъи аҳолиро бад намуд, қисми зиёди онҳо маҷбуран аз ҷои истиқомати доимӣ ба шаҳрҳои калон кӯч мебанданд.
Чунин ҳолат вобастагии кулли давлатҳои арабро аз кишварҳои мутараққии ҷаҳон ба маҳсулоти хӯрока сол аз сол зиёд намуда, онҳоро маҷбур месозад, ки қисми зиёди даромади буҷетро, ки барои тараққиёти соҳаҳои саноат пешбинӣ шудаанд, барои ҳалли проблемаҳо истифода баранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё