Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

§ 5.6. Тоҷикистон ва ҷаҳони Араб

Баъд аз фурӯпошидани Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба истиқлолияти давлатӣ соҳиб гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон (9 сентябри 1991) дар муносибатҳои Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла кишварҳои арабӣ, марҳилаи сифатан нав оғоз мегардад. Аз лаҳзаи ба даст овардани истиқлорият Тоҷикистон аз ҷониби тамоми кишварҳои арабӣ ба расмият шинохта шуда, байни он ва аксари давлатҳои арабӣ муносибатҳои дипломатӣ барқарор мегарданд.

Ба ҷуз омилҳои иқтисодӣ чанд омили дигари ғайрииқтисодӣ вуҷуд дорад, ки барқарор будани муносибатҳои хуб ва пойдори Тоҷикистонро бо ҷаҳони араб тақозо менамояд. Якум, равобити деринаи таърихии байни гузаштагони тоҷикон ва арабҳо. Аз қадимулайём ниёгони ин ду халқ бо ҳам робитаҳои назрики сиёсӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва ғайра доштанд. Замоне буд, ки порае аз сарзаминҳои кунунии арабӣ ҷузви қаламрави давлатҳои гуногуни эронӣ ва баръакс сарзаминҳои тоҷикнишин тобеи хилофати араб буданд. Дуюм, ягонагии динӣ. Ислом, ки дар асри VII дар нимҷазираи Арабистон по ба арсаи вуҷуд мегузорад, як аср пас тавассути лашкари араб ба Мовароуннаҳр мерасад. Аз ҳамон замон мардуми ин диёр ба ислом мегараванд. Сеюм, омилест, ки ба ҳадди зиёд ба омили дуюм вобастагӣ дорад. Он ҳам фарҳанг ва тамаддуни исломӣ мебошад, ки гузаштагони ин ду халқ ҳамроҳ бо мардумони дигар дар асрҳои миёна ба вуҷуд овардаанд.

Ҳоло ҷаҳони араб яке аз минтақаҳои муҳимтарини геостратегии ҷаҳон аст. Дар миёнаҳои асри XX, вақте ки дар ин минтақа нафт кашф гардид, аҳамияти он афзуда, ба майдони рақобати давлатҳои абаркудрати ҷаҳонӣ мубаддал мешавад. Кишварҳои арабӣ аз нигоҳи пешрафти иқтисодиёт, некӯаҳволии мардум, нуфуз ва эътиборе, ки дар ҷаҳон доранд, дар сатҳҳои гуногун қарор доранд.

Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба густариши муносибатҳо бо кишварҳои арабӣ аҳамияти зиёд дода мешавад. Даҳ соли истиқлолияти Тоҷикистон шоҳиди барқарор ва инкишоф додани муносибатҳои ҳамкорӣ бо ин кишварҳо буданд. Дар ин росто ба

пешина
аз 785
навбатӣ