Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратТаҳсилот
Аз аввал хондан

кишварҳои Давлати Кувайт, Аморатҳои Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Арабии Миср, Ҷумҳурии Арабии Сурия ва ғайра бинобар эътибороти гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ, молиявӣ дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон аҳамияти бештар дода мешуд.

5.6.1. Муносибатҳо бо Давлати Кувайт

Давлати Кувайт яке аз кишварҳои бойтарини дунё буда, захираҳои молиявии ин кишвар, ки аз фурӯши нафт ҷамъ шудаанд, ба миллиардҳо доллари ШМА мерасад.

Давлати Кувайт дар қатори нахустин давлатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохта буд.

Дере нагузашта, дар моҳи феврали соли 1992 ҳайати Давлати Кувайт таҳти сарварии Вазири молияи ин кишвар Носир Абдуллоҳ ар-Равзон, ки ба он намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати нафт, Хазинаи тараққиёти Кувайт ва муассисаҳои дигар дохил буданд, ба Душанбе ҷиҳати боздиди корӣ ташриф овард. Дар ҷараёни сафари ҳайати кувайтӣ масъалаҳои дурнамои ҳамкориҳои гуногунсоҳаи байни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳайатро собиқ Раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Мирзоев қабул намуд.

Декабри 1994 дар Дорулбайзо (Магриб) дар ҷараёни баргузории иҷлосияи 7-уми сарварони давлатҳои узви Созмони Конфронси Исломӣ мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов бо амири Давлати Кувайт шайх Ҷобир ас-Сабоҳ доир гардид.

11 марти 1995 сарварони ҳар ду кишвар дар Копенгаген (Дания) ҳангоми баргузории иҷлосияи ҷаҳонии сарварони давлатҳо ба манфиати рушди иҷтимоӣ бори дигар вохӯрданд.

Кувайт аввалин кишвари арабие буд, ки ба он сардори давлати Тоҷикистон сафар намуд. 17-19 апрели 1995 бо даъвати амири Давлати Кувайт шайх Ҷобир ас-Сабоҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов аз Кувайт боздиди расмӣ ба амал овард. Дар ҷараёни сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов бо

пешина
аз 785
навбатӣ