Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

амири Давлати Кувайт шайх Ҷобир, ноиби якуми сарвазир, вазири корҳои хориҷӣ шайх Сабоҳ ал-Аҳмад, ноиби дувуми сарвазир, вазири молия Носир ар-Равзон, вазири иттилоот шайх Сауд ас-Сабоҳ, муовини мудири кулли Хазинаи кувайтии ҳамкории иқтисодии арабӣ, аъзои ҳайати мудираи бахши тиҷорат ва саноат ва намояндагони доираҳои соҳибкории Кувайт мулоқотҳо ва сӯҳбатҳо дошт. Дар фароварди боздид санадҳои зерин ба имзо расиданд:

  1. Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт
    дар бораи ҳавасмандгардонӣ ва ҳимояи мутақобилаи
    сармоягузориҳо;

  2. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва
    Ҳукумати Давлати Кувайт дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисод,
    тиҷорат, илм ва техника;

  3. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва
    Ҳукумати Давлати Кувайт дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи иттилоот;

  4. Протокол дар бораи доир намудани машваратҳо байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Давлати Кувайт.

22 октябри 1995 дар Ню-Йорк дар ҷараёни барпо гардидани иҷлосияи махсуси тантанавии Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид ба ифтихори 50-умин солгарди таъсиси Созмони Милали Муттаҳид мулоқоти Э. Раҳмонов бо шайх Ҷобир ас-Сабоҳ доир шуд.

Баҳори 1998 Давлати Кувайт сафири худ дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Аҳмад ал-Миҷрон ар-Румиро ҳамзамон сафири худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намуд. 6 майи соли 1999 сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътиборномаи худро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов супорид.

Дар асоси созишномаҳои баимзорасида дар Кувайт намояндагии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид ва ҳоло он бомуваффақият фаъолият дорад.

Нақшаҳои пешбинигардида оид ба иштироки бевосираи
давлати Кувайт тавассути Хазинаи кувайтии рушд дар сохтмони

пешина
аз 785
навбатӣ