Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
роҳи Кӯлоб-Қалъаихумб, азхуд намудани 6 ҳазор гектар заминҳо дар дашти Данғара татбиқ гардида истодаанд.
5.6.2. Муносибатҳо бо Аморатҳои Муттаҳидаи Араб
Тавре ки зикр гардид, Аморатҳои Муттаҳидаи Араб дар ҳоли ҳозир яке аз кишварҳои босуръат тараққикунандаи ҷаҳон мебошад.
Аз ҷиҳати сатҳи зиндагии мардум ин кишвар яке аз ҷойҳои баландтаринро дар байни кишварҳои олам ишғол мекунад. Дар Аморатҳои Муттаҳидаи Араб барои тиҷорати байналмилалӣ шароитҳои имтиёзнок ба вуҷуд оварда шудаанд.
Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аморатҳои Муттаҳидаи Араб 18 декабри соли 1995 барқарор шудаанд.
Декабри соли 1994 дар Дорулбайзо (Мағриб) ҳангоми баргузории ҳафтумин мулоқоти сарварони давлатҳои узви Созмони Конфронси Исломӣ вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонов Э.Ш. бо раиси давлати Аморатҳои Муттаҳидаи Араб шайх Зоид Оли Наҳайён доир шуд.
24 октябри соли 1995 дар Ню-Йорк ҳангоми баргузории иҷлосияи махсуси ҷашнии Ассамблеяи Созмони Милали Муттаҳид ба муносибати 50-умин солгарди таъсиси ин Созмон мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонов Э.Ш. бо фиристодаи махсуси раиси давлати Аморатҳои Муттаҳидаи Араб, муовини наҳуствазир шайх Султон Оли Наҳайён баргузор гардид.
16-18 декабри соли 1995 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раҳмонов Э.Ш. бо даъвати раиси давлати Аморатҳои Муттаҳидаи
Араб аз Абузабӣ боздиди расмӣ ба амал овард. Дар ҷараёни сафар
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раиси давлати Аморатҳои
Муттаҳидаи Араб шайх Зоид Оли Наҳайён, ноиби раиси давлат,
наҳуствазири Аморатҳои Муттаҳидаи Араб, амири Дубай шайх
Мактум Оли Мактум ва дигар шахсони баландпояи кишвар
мулоқоту сӯҳбатҳо дошт. Ҳангоми вохӯрии Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон бо Вазири молия ва саноати Аморатҳои Муттаҳидаи
Араб Аҳмад ат-Тоир, раиси Бонки марказии Аморатҳои Муттаҳидаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё