Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Араб Носир ас-Сувайдӣ, мудири идораи молияи Абузабӣ Муҳаммад ас-Сувайдӣ ва мудири кулли Бунёди инкишофи Абузабӣ Саид ал-Мазруӣ алоқамандӣ ва омодагии тарафайн ба густариши ҳамкории гуногунсоҳаи мутақобилан судманд байни ду кишвар изҳор шуда буд. Масъалаҳои вусъат бахшидани робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аморатҳои Муттаҳидаи Араб дар вохӯрии Раҳмонов Э.Ш. бо доираҳои бозории Абузабӣ, ки дар бахши тиҷорату саноати пойтахти кишвар барпо шуда буд, мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Масъалаҳои барқарорӣ ва густариши робитаҳои байнипарламентӣ мавзӯи асосии гуфтугӯҳои муовини якуми раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Достиев А. ва раиси Шӯрои Миллии Федералии Аморатҳои Муттаҳидаи Араб ал-Ҳоҷ ал-Муҳайрибӣ буданд.
Роҷеъ ба масъалаҳои инкишофи муносибатҳои дуҷониба дар вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назаров Т.Н. ва Вазири корҳои хориҷии Аморатҳои Муттаҳидаи Араб Рошид Абдулло ан-Нуаймӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дар фароварди боздид ду санади байниҳукуматӣ (Созишномаи ҳавасмандгардонӣ ва ҳимояи сармоягузориҳои хориҷӣ ва Созишномаи роҳ надодан ба ситонидани андози дубора аз арзиши изофа) ба имзо расиданд. Дар анҷоми вохӯрӣ Баёнияи муштараки матбуотӣ қабул гардид. Дар Баёния Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аморатҳои Муттаҳидаи Араб изҳор намуданд, ки барои густариши муносибатҳои дуҷониба ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар саъӣ хоҳанд кард. Дар ин санад омадааст, ки байни ду кишвар эътиборан аз 18 декабри соли 1995 муносибатҳои дипломатӣ барқарор шудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кӯшишҳои Аморатҳои Муттаҳидаи Араб ҷиҳати барқарор намудани сулҳ ва субот дар минтақаи Халиҷи Форс ва ба хусус дар ҳалли мушкили марзӣ бо Эрон баҳои баланд додааст.
Октябри соли 1995 парвози таҷрибавии ҳавопаймоҳои Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон ба аш-Шориқа, ки ҳомили ҳайъати расмии ҷумҳурӣ бо роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Назаров Т.Н. буд, сурат гирифт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё