Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

6 августи соли 1997 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкили намояндагии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Аморатҳои Муттаҳидаи Араб қарор қабул намуд. Қароргоҳи намояндагии тиҷоратӣ, ки тибқи қонунҳои Аморатҳои Муттаҳидаи Араб мақоми маркази тиҷоратиро дорад, дар Дубай воқеъ аст.

Дар соли 1997 ҷамъияти ҳилоли аҳмари Аморатҳои Муттаҳидаи Араб ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фиристодани доруворӣ ба маблағи 25000 доллари ИМА кӯмаки башардӯстона расонид.

Вале бо вуҷуди муносибатҳои наздики Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аморатҳои Муттаҳидаи Араб дар сатҳи олӣ ва асоси муайяни қарордодию ҳуқуқӣ, дар роҳи оғози ҳамкории воқеии ду кишвар пешравии қобили мулоҳизае ба мушоҳида намерасад. Дар ҳоли ҳозир самти асосие, ки муносибатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо Аморатҳои Муттаҳидаи Араб муайян мекунад, танҳо соҳаи туризми тиҷоратӣ мебошад. Ҳавопаймоҳои ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон ҳар ҳафта дар самти Душанбе-аш-Шориқа-Душанбе ва ҳар моҳ дар самти Хуҷанд-аш-Шориқа-Душанбе парвоз менамоянд. Ҳар сол шаҳрвандони ҷумҳурӣ маблағҳои калони асъори собити хориҷиро дар бозорҳои Аморатҳои Муттаҳидаи Араб гузошта, дар иваз маҳсулоти гуногунро ба Тоҷикистон ворид мекунанд.

5.6.3. Муносибатҳо бо Мамлакати Арабистони Саудӣ

Арабистони Саудӣ аз бойтарин кишварҳои ҷаҳон аст. Дар хоки он чоряки захираҳои нафтии ҷаҳон қарор дошта, он бузургтарин истеҳсолкунанда ва содиркунандаи нафт дар олам мебошад. Ин кишвар имкониятҳои хеле васеи сармоягузорӣ дорад.

Арабистони Саудӣ истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро 11 январи 1992 ба расмият шинохт.

21-22 феврали 1992 ҳайати расмии Мамлакати Арабистони Саудӣ бо сарварии Вазири корҳои хориҷии он кишвар, шоҳзода Сауд ал-Файсал ба Душанбе сафари корӣ дошт. Шоҳзодаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Набиев Р.Н., Сарвазир Мирзоев А.М. ва

пешина
аз 785
навбатӣ