Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

Раҳмонов Э.Ш. бо подшоҳи Мамлакати Арабистони Саудӣ Фаҳд ибни Абдулазиз Оли Сауд барпо гардид. Дар ҷараёни сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин бо муовини Сарвазири Мамлакати Арабистони Саудӣ, валиаҳд, шоҳзода Абдулло ибни Абдулазиз, Вазири корҳои хориҷӣ, шоҳзода Сауд ал-Файсал, Вазири ҳаҷ, раиси Бонки рушди исломии Аҳмад Муҳаммад Алӣ, котиби кулли ҷомеаи ҷаҳони Исломӣ Убайд Абдулло ва ҷамъе аз тоҷикони муқими Мамлакати Арабистони Саудӣ мулоқот ва сӯҳбатҳо дошт. Зимни ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суннати муаккадаи умраро ба ҷо овард.

Яке аз натиҷаҳои сафар аз он иборат буд, ки Бонки исломии рушд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешрафти соҳаи тандурустӣ ва маорифи кишвар 16,7 млн. доллари ШМА қарзи бефоиз ҷудо намуд.

10 декабри 1997 дар Теҳрон (Эрон) сӯҳбати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонов Э.Ш. бо муовини Сарвазири Мамлакати Арабистони Саудӣ, валиаҳд, шоҳзода Абдулло ибни Абдулазиз дар доираи мулоқоти навбатии сарони давлатҳои узви Созмони Конфронси Исломӣ доир шуд.

Дар ҷараёни сафари расмии Президенти Тоҷикистон тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки Созишномаи кулли байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудиро дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, савдо, маблағгузорӣ, техникӣ, фарҳанг ва варзиш ба имзо мерасонанд.

Соли 1998 Президенти Бонки Исломии Рушд Муҳаммад Алӣ ва як қатор соҳибкорони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд.

12-14 ноябри 2000 дар Давҳа (Қатар) дар доираи Мулоқоти нуҳуми сарварони давлатҳои узви Созмони Конфронси Исломӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонов Э.Ш. бо муовини Сарвазири Мамлакати Арабистони Саудӣ, валиаҳд, шоҳзода Абдулло ибни Абдулазиз мулоқоти кӯтоҳмуддат дошт.

Раванди муносибатҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мамлакати Арабистони Саудӣ нишон медиҳад, ки ин муносибатҳо захираи кофӣ барои густариши минбаъдаи ҳамаҷониба доранд.

пешина
аз 785
навбатӣ