Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Муносибатҳои байни ду кишвар ҳоло ҳам дар марҳилаи ҷустуҷӯи нуқтаҳои баҳамоии манфиатҳо қарор доранд. Аз нигоҳи дурнамои манфиатҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо таваҷҷӯҳ ба ҳузури таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави тамаддуни исломӣ, инчунин бо дарназардошти имкониятҳои васеи сармоягузории Мамлакати Арабистони Саудӣ ва аҳамияти бузурги мақомоти ин кишвар ҳамчун нигаҳбонони амокини муқаддаси дини ислом, густариш ва инкишофи муносибатҳо бо Мамлакати Арабистони Саудӣ ба манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ мебошад.

5.6.4. Муносибатҳо бо Ҷумҳурии Арабии Миср

Миср, бешак, муҳимтарин кишвари арабӣ буда, дар арсаи ҷаҳонӣ обрӯю эътибори зиёд дорад. Нақши ин кишвар дар шаклгирии сиёсати умумиарабӣ калон буда, дар аксар мавридҳо ҳалкунанда мебошад. Аз ин рӯ, густариши муносибатҳо бо Миср дар самти арабии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд аҳамияти аввалиндараҷа дошта бошад.

Миср истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро 1 январи 1992 ба расмият шинохтааст. Муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Миср 1 апрели 1993 барқарор гардидаанд. Моҳи майи соли 1996 Қоҳира Ҷаноби Ризо Аҳмад Шаҳотаро сафири худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (қароргоҳаш дар Москва) таъйин намуд. 21 ноябри ҳамон сол маросими супоридани эътиборномаҳои сафири мисрӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Декабри 1994 дар Дорулбайзо (Магриб) ҳангоми баргузории Мулоқоти ҳафтуми сарварони давлатҳои узви Созмони Конронси Исломӣ вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш.Раҳмонов бо Президенти Миср Ҳуснӣ Муборак барпо гардид.

5 ноябри 1996 дар Москва аз ҷониби сафирони ҳар ду кишвар дар Федератсияи Россия Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арабии Миср дар соҳаи фарҳанг ва илм ба имзо расид.

Байни Тоҷикистон ва Миср дар соҳаи тарбияи кадрҳо тавассути Хазинаи мисрии ҳамкории техникӣ бо кишварҳои

пешина
аз 785
навбатӣ