Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

камтараққикардаи ҷаҳон дохил гардидаанд. Ин қитъа дорои захираҳои мухталифу бои ашёи хом мебошад. Дар байни захираҳои сӯзишвории минералӣ захираҳои аниқшудаи нафт 9 млрд. тонна - 3 фоизи захираҳои ҷаҳонӣ (Либия, Алҷазоир, Нигерия), газ мутобиқан 9 трлн. метри мукааб ё 5%, уран зиёда аз 500 ҳазор тонна (ҶАҶ, Намибия, Нигер) - аз се як ҳиссаи захираҳои ҷаҳониро ташкил медиҳанд.

Дар пешрафти иқтисодиёти давлатҳои Африка ашёи хоми маъданӣ нақши муҳим дорад. Дар шимоли Африка (Марокаш, Алҷазоир, Тунис) тахминан 60 млрд. тонна захираи фосфорит ҷойгир аст, ки 70 фоизи захираи фосфорити ҷаҳонро ташкил медиҳад. Бештари ҳаҷми онро маъдани оҳан ташкил дода, захираи он дар ҳудуди давлатҳои ҶАҶ, Алҷазоир, Либия, Мавритания, Либерия зиёда аз 60 млрд. тоннаро ташкил медиҳад ва ин ҳаҷм баробари 10 фоизи захираҳои умумии ҷаҳон мебошад. Ашёи хоми металлургияи ранга (бокситҳо) ҷои намоёнро ишғол менамояд. Ҳаҷми захираи он (Гвинея ва Камерун) 20 млрд. тонна мебошад. Дар қаламрави кишварҳои ҶАҶ, Зоир ва Замбия маъдани мис ба миқдори зиёд мавҷуд аст. Дар ҷаҳон аз ҷиҳати захираҳои кашфшудаи металлҳои қиматбаҳо ва алмос яке аз ҷойҳои аввалро давлатҳои Африка ишғол менамоянд. Захираи аниқшудаи тиллои кишварҳои Африка 43 ҳазор тонна ё 55 фоизи захираҳои ҷаҳонро ташкил медиҳад, ки 42 ҳазор тоннаи он дар ҳудуди ҶАҶ мавҷуд аст. Дар баробари ин, давлатҳои Африка дар бозори ҷаҳонӣ мавқеи хосаеро дар фурӯши ванадий, литий, бериллий, тантал, ниобий ва германий доранд. Бо вуҷуди чунин захираҳои табиӣ ва системаи бароҳмондашудаи фурӯши сарватҳои табиӣ дар бозори ҷаҳон сатҳи зиндагии аҳолии бештари ин минтақа паст аст.

пешина
аз 785
навбатӣ