Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

преференсиалӣ пешниҳоди истифодаи асъори давлатҳои Европа, аз ҷумла истифодаи доллари ШМА-ро дар муомилоти молӣ қатъиян рад карданд.

Ба ақидаи онҳо истифодаи асъори хориҷии давлатҳои қудратноки ҷаҳон системаи пардапӯши мустамликавиро боз ба қитъаи Африка гашта меовард. Зеро дараҷаи пасти тараққиёт ва бештар самти кишоварзӣ доштани ин қитъа бо суръати баланди тараққиёти саноатии ин мамлакатҳо рақобат карда наметавонад.

Дар солҳои охир роҳбарияти давлатҳои аъзои минтақаи фазои преференсиалӣ бо якҷоягии созмони тараққиёти Африкаи Ҷанубӣ (САДК) бештар майли бунёди «бозори умумиро» доштанд.

Соли 1992 ин орзу ҷомаи амал пӯшид ва созмони нав бо номи «Конференсия оид ба мутобиқ намудани тараққиёти мамлакатҳои Африкаи Ҷанубӣ» (САДК) бунёд гардид.

Давраи вусъатёбии ҳамгироӣ, мамлакатҳои Европа ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ бо ҳам муттаҳид мешуданд, ки ин тақозои замона буда, мақсади некхоҳӣ дошт ва манфиатҳои миллатҳои тамоми қитъаро ифода менамуд. Аммо ҳангоми баррасии ин масъала дар вохӯрии 11-уми сарварони давлат ва ҳукуматҳои аъзои фазои савдои преференсиалӣ (ПТЗ), ки январи соли 1993 дар шаҳри Лусака барпо гардид, пешниҳоди муттаҳидшавӣ барвақт шуморида шуда, он рад карда шуд. Сабаби рад кардани ин масъалаи муҳим дар он буд, ки намояндагони созмони тараққиёти Африкаи Ҷанубӣ (САДК) бунёди бозори умумиро дар ин минтақа бо иштироки Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ ва бе ширкати давлатҳои аъзои ПТЗ медиданд. Дар дохили САДК низ ихтилофҳои зиёде мавҷуд буданд. Қисми зиёди давлатҳои аъзои САДК даъво мекарданд, ки то дар сохтори давлатии Африкаи Ҷанубӣ ҳукумати давраи гузариш аз нав интихоб карда нашавад, дохилшавии он ба ҳайати САДК номумкин аст.

Имрӯзҳо Африка дар ҳудуди худ 55 давлати мустақилро бо шумораи зиёда аз 750 млн. аҳолӣ муттаҳид намуда, аз ҷиҳати бузургии масоҳат дар ҷаҳон ҷои дуюмро ишғол менамояд. Тамоми давлатҳои қитъаи Африка, ба истиснои ҶАҶ ба гурӯҳи кишварҳои рӯ ба инкишоф дохиланд. Зимнан 33 давлати он ба зергурӯҳи кишварҳои

пешина
аз 785
навбатӣ