Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

кайҳон ақидаи ҷаҳони капилистиро нисбат ба лагери сотсиалистӣ тамоман дигар кард.

Солҳои 1945-1965 дар таърихи иқтисоди ҷаҳон барои давлатҳои сотсиалистӣ ҳамчун давраи дуюми ташаккул ба ҳисоб меравад. Дар ин давра бо дастовардҳои азими иқтисодӣ тараққиёти пуравҷи иқтисодиёти Иттиҳоди Шӯравӣ ва давлатҳои социалистии Европаи Шарқӣ назаррас мебошанд.

Соли 1965 Иттиҳоди Шӯравӣ дар истеҳсоли пӯлод, ангиштсанг, нафт, газ аз ШМА пеш гузашта, бо нишондиҳандаҳои баланди худ тамоми дунёро дар ҳайрат гузошт.

Музаффариятҳои сотсиализм давлатҳои ҷаҳони сеюмро ба ларза даровард. Дар натиҷаи авҷгирии тиҷорати байнидавлатӣ бо кишварҳои ҷаҳони сеюм ва кӯмаку дастгирӣ кардани онҳо обрӯ ва нуфузи Иттиҳоди Шӯравӣ рӯз аз рӯз зиёд мегардид.

Умуман давраи дуюми ташаккули давлатҳои лагери сотсиалистӣ дар тӯли 74 соли мавҷудияташ аз ҷиҳати пешрафти иқтисодӣ давраи аз ҳама муваффақиятнок ба ҳисоб мерафт.

Бисёр олимони иқтисодшиноси ҷаҳон чунин ҷаҳиши иқтисодии мамлакатро ба давраи баохиррасии режими сталинӣ ва оҳиста-оҳиста ҷорӣ намудани принсипҳои демократии идоракунии давлат вобаста мекарданд.

Аммо таърих нишон дод, ки баъд аз вафоти сарвари давлати шӯравӣ И.В. Сталин муборизаи сахти дохилии гурӯҳҳо барои ба даст даровардани роҳбарияти давлатӣ чунон шиддат гирифт, ки пешгирӣ кардани он номумкин гардид ва оқибат ба шикаст ва аз байн рафтани ин сохтори ҷамъиятӣ оварда расонд.

Сиёсати нодурусти таъқиб ва тафтиши фаъолияти сарвари давлат Сталин, маҳкум кардани шахсиятпарастии ӯ боиси тезу тунд шудани муносибатҳои сиёсӣ ва иқтисодии байни давлатҳои лагери сотсиалистӣ гардид.

Баъд аз съезди ХХ Ҳизби Коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ соли 1956, аз Москва баромада рафтани ҳайати коммунистони якчанд давлат, баъдтар боиси пурра канда шудани робитаҳои иқтисодии хориҷии Хитой, Кореяи Шимолӣ ва Албания бо кулли давлатҳои ҷаҳони сотсиалистӣ оварда расонд.

пешина
аз 785
навбатӣ