Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Иттиҳоди Шӯравӣ таҳти роҳбарии Сталин ба муқобили барномаи "ҷанги сард"-и ШМА барномаи "дарҳои пӯшида"-и худро мураттаб сохт, ки дар асоси принсипи банақшагирии директивии марказонидашуда барқарор намудани хоҷагиҳои харобгардидаи кулли давлатҳои ин лагер ва таъмини босуръати соҳаҳои асосии хоҷагии халқи ҷаҳони сотсиалистӣ ба нақша гирифта шуда буд.
Иттиҳоди Шӯравӣ дар асоси барномаҳои панҷсолаи ҳизби роҳбарикунандаи коммунистӣ асоси пешрафти иқтисодиёти мамлакатро дар соҳаи инкишофи саноати вазнин медид. Бо вуҷуди шароити вазнини баъдиҷангӣ мамлакати шӯравӣ баробари ба кор даровардани корхонаҳои харобшуда дар тамоми гӯшаю канори ИҶШС ба сохтмони корхонаҳои азими саноатие, ки бевосита ба захираҳои табиӣ наздиканд, шурӯъ намуд.
Халқи сермиллати Иттиҳоди Шӯравӣ зери шиорҳои азнавсозӣ дар тамоми сохтмонҳои бузурги корхонаҳои истеҳсолӣ, корхонаҳои саноати вазнину сабук, нерӯгоҳҳои барқӣ, роҳҳои оҳан, конҳои ангишту маъдан шабу рӯз босубот кор мекарданд.
Ҳизби коммунистӣ баҳри пурра таъмин кардани аҳолӣ бо ғалла, гӯшт, шир барои аз худ намудани заминҳои навкорам ва бекорхобидаи Қазоқистон ба иҷрои барномаи бо номи "Замини навкорам" шурӯъ намуд.
Дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ мусобиқаи сотсиалистӣ баҳри пешрафти истеҳсолот вусъат ёфт.
Мақсади асосии стратегияи иқтисодӣ дар ин давра, пеш аз ҳама аз он иборат буд, ки мамлакатро аз қафомонии иқтисодӣ бароварда, дар мӯҳлати кӯтоҳ нисбат ба ШМА дар ҳамаи соҳаҳои истеҳсолот ба афзалият ноил гардад.
Бояд қайд кард, ки дар натиҷаи сиёсати дурусти пешгирифтаи ҳизби коммунистӣ ҷидду ҷаҳди халқи советӣ ба ин мақсад равона шуда буд.
Олимони Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин шуда, соли 1954 баҳри манфиати халқ ва ҷамъият истифода бурдани қувваи атомро ба ҷаҳониён нишон доданд. Ба кор андохтани иншооти барқии атомӣ ва анҷоми сохтмони киштии бузургтарини яхшикани атомӣ барои кушодани роҳҳои обӣ дар Уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ ва баъдтар дар соли 1961 парвози нахустин кайҳоннаварди Иттиҳоди Шӯравӣ ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё