Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
эътибор нагирифтани авҷгирии идеологияи хориҷӣ солҳои охир, дар ғайриқаноатбахш ба роҳ мондани тақсимоти сотсиалистии меҳнат, тезу тунд шудани вазъияти дохилии баъзе давлатҳои аъзо ва бо талаботи ҷаҳон барномаи даҳсолаҳои охирро мутобиқ накардани нақшаҳои амалии худ медиданд.
Нимаи дуюми соли 1989 бошад, тиҷорати хориҷии байни давлатҳои аъзо аз тарафи кумитаи оид ба масъалаҳои савдои хориҷӣ умуман идора карда намешуд. Иҷрои фармонҳо ва созишномаҳои дуҷониба умуман ба эътибор гирифта намешуданд. Дар баробари ин бӯҳрони иқтисодие, ки Иттиҳоди Шӯравиро солҳои 1985-1990 фаро гирифта буд, вазъи давлатҳои лагери социалистиро боз ҳам вазнинтар кард.
Самти ин тамоил то солҳои аз байн рафтани Шӯрои Ҳамкории Иқтисодӣ (1992) дигар нашуда, баръакс, рӯ ба пастравӣ овард. Масалан, рақамҳои зерин гувоҳи гуфтаҳои боло шуда метавонанд. Агар муомилоти молии хориҷии Иттиҳоди Шӯравӣ бо давлатҳои мутараққии ҷаҳон соли 1990 нисбат ба соли 1989 1,5% кам шуда бошад, пас муомилоти мол бо давлатҳои рӯ ба тараққӣ ниҳода, ки ба он бештар давлатҳои аъзои Шӯрои Ҳамкории Иқтисодӣ дохил мешаванд, соли 1990 нисбат ба соли 1989 10,9% кам шуд.
Ин далелу рақамҳо гувоҳи он буданд, ки сохтори ташкилоти Шӯрои Ҳамкории Иқтисодӣ дар тӯли 42-43 соли фаъолияташ вазифаи худро иҷро намуда, ба пешрафти давлатҳои Аврупои Шарқӣ монеъ мешуд.
Чунин вазъи баамаломада талаб мекард, ки фавран реструктуризатсияи Шӯрои Ҳамкории Иқтисодиро гузаронида, барои таъмини пешрафти иқтисодии давлатҳои аъзои Шӯрои Ҳамкории Иқтисодӣ озодии комил фароҳам оварда, таҷрибаи бузурги робитаҳои иқтисодии хориҷии онҳоро мебоист ба манфиати давлатҳои лагери сотсиалистӣ истифода бурд.
Чунин фикрҳо дар сессияи навбатии сарварони давлатҳои аъзои Шӯрои Ҳамкории Иқтисодӣ, ки соли 1990 дар Варшава шуда гузашт, чандин маротиба аз тарафи баромадкунандагон баён карда шуданд. Дар натиҷа дар қарори аз тарафи иштирокчиёни

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо