Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратТаҳсилот
Аз аввал хондан

давлатҳои аъзои Шӯрои Ҳамкории Иқтисодиро бо молҳои истифодабариашон дарозмуддат (мошинҳои сабукраву боркаш, трактор, яхдону телевизор ва ғайра) ба ӯҳда гирифта бошад, Венгрия ва Муғулистон ба истеҳсоли пойафзол, матоъҳои пахтагину абрешимӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ, Полша либос, мебел, Булгория, Чехословакия - молҳои саноатӣ, чиниворӣ, булӯр (хрустал), мебел, пойафзол, Германия ба истеҳсоли молҳои саноатӣ, асбобу анҷоми барқӣ, Куба - шакар ва меваҳои ситрусӣ сар карданд.

Ҳиссаи молҳои саноатӣ дар муомилоти молии давлатҳои аъзои Шӯрои Ҳамкории Иқтисодӣ зиёда аз 50%-ро ташкил мекард. Зиёда аз 90%-и талаботи аҳолии давлатҳои аъзои Шӯрои Ҳамкории Иқтисодӣ бо яхдон, 91% бо мошинҳои ҷомашӯӣ, 51% бо либос, 55% бо пойафзол, 90% бо мебел, 90% бо асбобҳои суратгирӣ таъмин карда мешуд.

Махсусгардонӣ дар соҳаи саноати хӯрокворӣ ва кишоварзӣ низ хеле хуб ба роҳ монда шуда буд. Муомилоти истеҳсоли маҳсулоти озуқавории давлатҳои аъзои Шӯрои Ҳамкории Иқтисодӣ 10%-ро ташкил медод. Аз ҳисоби якдигартаъминкунӣ ин давлатҳо талаботи худро бо меваю сабзавот, шакар, тухм ва дигар намудҳои маҳсулоти хӯрока қонеъ мекарданд. Содиркунандагони асосии меваю сабзавоти давлатҳои аъзои Шӯрои Ҳамкории Иқтисодӣ Булгория, Венгрия ва Руминия; маҳсулоти чорводорӣ ва паррандапарварӣ Муғулистон, Венгрия, Булгория; моҳӣ ва маҳсулоти он - Иттиҳоди Шӯравӣ ба шумори мерафтанд.

Бояд қайд кард, ки таҳлили муомилоти молӣ баъди солҳои 70-ум нишон медиҳад, ки бо тағйир ёфтани сиёсати давлатҳои капиталистии ғарб нисбат ба давлатҳои лагери сотсиалистӣ ва афзудани нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ боиси сол то сол кам шудани муомилоти молии байни давлатҳои аъзои Шӯрои Ҳамкории Иқтисодӣ мегардид. Номгӯи асосии молҳои воридотиро нафт ва гази табиӣ ташкил мекарду халос.

Соли 1980 якбора кам шудани муомилоти молӣ байни давлатҳои аъзои Шӯрои Ҳамкории Иқтисодӣ мушоҳида карда шуд. Мутахассисони соҳаи иқтисод чунин рафти корро бештар аз ба

пешина
аз 785
навбатӣ