Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Созишномаи Варшава қабулшуда ин таклифот ба тариқи зайл ифода ёфтанд:
"Тараққиёти босуръати ҳозира дар Европа барои бартараф кардани моделҳои бехатарии иттифоқ ва ҷаҳонтақсимкунӣ шароит фароҳам меоварад. Чунин рафти тараққиёт бебозгашт мегардад ва барои манфиатҳои халқ дар мувофиқати мутақобил бе монеаҳои сунъии идеологияи душманона ҷавобгӯ мебошад."
Аммо роҳбарони давлатҳои аъзои Шӯрои Ҳамкории Иқтисодӣ таҷрибаи Ҳукумати Хитойро ба назар нагирифта, ба ғайр аз шароит барои суръатнок шудани барҳамхӯрии ин ташкилоти бонуфуз, дигар ягон чорае надиданд.
1 январи соли 1991 аз кулли фишангҳои идоракунандаи сохтори Шӯрои Ҳамкории Иқтисодӣ, ба монандӣ банақшагирии пешрафти иқтисодиёт, мувофиқкунонии нақшаҳои хоҷагӣ, танзими системаи нарх, асъори баробаркунанда даст кашида, барои таъмини муомилоти молӣ тамоми меъёрҳои ҷаҳониро ворид намуданд. Дере нагузашта, бо сабаби надоштани захираҳои зарурӣ қисми зиёди корхонаҳои мунтазам фаъолияткунанда якбора бекор монда, сабабгори бӯҳрони нави иқтисодии давлатҳои Европаи Шарқӣ гардиданд.
Пешрафти иқтисодии давлатҳои аъзои Шӯрои Ҳамкории Иқтисодиро муносибатҳои байналмилалии асъорӣ ва қарзии махсусе, ки танҳо ба сохтори ҷамъияти сотсиалистӣ мансуб аст, таъмин мекард.
Муносибатҳои байналмилалии асъорию қарзии давлатҳои аъзои Шӯрои Ҳамкории Иқтисодӣ дар рафти тараққиёти худ ду марҳиларо аз сар гузаронданд. Марҳилаи якум аз рӯзи бунёди Шӯрои Ҳамкории Иқтисодӣ то соли 1964 ва марҳилаи дуюм аз соли 1964 то солҳои 90-умро дар бар мегирад.
Аз рӯзҳои аввали бунёди Шӯрои Ҳамкории Иқтисодӣ муносибатҳои иқтисодии хориҷии давлатҳои аъзо бо сабабҳои махсус (набудани асъори истифодаи умум, асъори ҷаҳонӣ, тилло ва қоғазҳои қиматнок) дар асоси созишномаҳои ҷубронӣ иҷро мешуданд. Меъёри асосии ҳисоббаробаркунии байнидавлатиро клиринг иҷро менамуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо