Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Клиринг ин як системаи ҳисобу китоби ғайринақдии байнибонкӣ буда, яке аз шаклҳои мувофиқи ҳисоббаробаркунии давлатҳои аъзои Шӯрои Ҳамкории Иқтисодӣ ба шумор мерафт ва додугирифти давлатҳоро дар миқёси ҷаҳон бе иштироки тилло ва асъори байналмилалӣ иҷро мекард.
Давлатҳои аъзои Шӯрои Ҳамкории Иқтисодӣ, ки дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон ғорат карда шуда буданд, қудрати хариду фурӯш надоштанд. Асъори миллии онҳо бошад, ба сабаби дараҷаи пасти иқтисодиёти мамлакаташон қурб надошт. Бинобар ин дар муомилоти молии онҳо истифодаи клиринг хеле мувофиқ ба шумор мерафт.
Асоси арзиши клирингро дар муомилоти мол сӯми (рубли) клирингӣ ташкил мекард. Масалан, Иттиҳоди Шӯравӣ ба Полша гази табиӣ ва нафти хомро ба маблағи 100 млн. рубли клирингӣ содир менамуд. Полша мувофиқи номгӯи дар созишнома муайяншуда ба Иттиҳоди Шӯравӣ ба маблағи 100 млн. рубли клирингӣ молҳои истеҳсоли худро мефиристод ва ӯҳдадориашро иҷро намуда, бо ин ҳисобро баробар мекард.
Аз тарафи дигар, системаи клирингӣ ба давлатҳои истифодабаранда, дар баробари муҳайё намудани шароит барои содироти мол бидуни пешпардохт, бетағйир нигоҳ доштани қимати мол дар тӯли даҳсолаҳо боз имтиёзҳои дигари муҳимеро аз қабили тавассути бонкҳои давлатӣ ташкил намудани назорати марказонидашудаи ҳаҷми содироту воридоти мол ва пардохти маблағи он муҳайё менамояд.
Афзалияти истифодаи системаи клирингӣ боз дар он зоҳир мешуд, ки ба арзиши молҳои содиротӣ ва воридотии давлатҳои аъзои Шӯрои Ҳамкории Иқтисодӣ баландшавии нархҳои ҷаҳонӣ, каму зиёдшавии захираҳои тилло, нуқра, коғазҳои қиматнок таъсири манфии худро расонида наметавонад.
Чунин шароити хуб дар даҳ соли аввали фаъолияти Шӯрои Ҳамкории Иқтисодӣ боиси тараққиёти босуръати хоҷагии халқи давлатҳои Европаи Шарқӣ гардида, боварии онҳоро ба чунин системаи пардохт ва ҳисоббаробаркунӣ боз ҳам зиёд менамуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо