Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Таҷриба нишон дод, ки системаи ҳисоббаробаркунии клирингӣ дар баробари афзалиятҳои дар боло зикргардида, инчунин тарафи манфӣ ҳам дорад. Ҷиҳатҳои манфии он пеш аз ҳама, дар маҳдудияти амали давлат барои иҷрои ӯҳдадориҳои дар асоси созишномаи дуҷониба баӯҳдагирифта зоҳир мешавад, ки он дар амал садди роҳи ҷараёни ҳамгироии давлатҳои ҳамсоя мегардад. Аз тарафи дигар, истифодаи системаи ҳисоббаробаркунии клирингӣ на ҳама вақт дар мӯҳлатҳои муайяншуда натиҷаҳои дилхоҳи қобили қабули ду тарафро медиҳад. Бинобар ин дар охири сол ҳамеша давлатҳо аз якдигар қарздор мемонанд.
Бо вусъатгирии робитаҳои иқтисодии хориҷии давлатҳои аъзои Шӯрои Ҳамкории Иқтисодӣ ва авҷгирии махсусгардонии истеҳсолот истифодаи ҳисоббаробаркунии клирингӣ дар муносибатҳои дуҷониба ба талаботи давлатҳо ҷавоб гуфта наметавонист.
Моҳи марти соли 1957 дар сессияи VIII Шӯрои Ҳамкории Иқтисодӣ созишнома оид ба принсип ва шартҳои истифодаи системаи ҳисоббаробаркунии клирингӣ дар муносибатҳои бисёрҷониба ба имзо расид, ки он дар оянда ба давлатҳои аъзои Шӯрои Ҳамкории Иқтисодӣ дар баробари имзои созишномаҳои дуҷониба шароити вусъат додани муомилоти молро бо давлатҳои сеюм фароҳам овард.
Соли 1962 дар сессияи XVII Шӯрои Ҳамкории Иқтисодӣ бошад, Кумитаи иҷроияи Шӯрои Ҳамкории Иқтисодӣ барои боз ҳам вусъат додани истеҳсолот дар асоси қарзҳои дарозмуддати байнидавлатии Шӯрои Ҳамкории Иқтисодӣ комиссияи доимоамалкунандаро оид ба масъалаҳои асъорию молиявӣ таъсис дод. Дере нагузашта, баъд аз таҳлили таҷрибаи ҷаҳонии ҳисоббаробаркунӣ, бо пешниҳоди комиссия барои иҷро намудани вазифаи ҳисоббаробаркунии бисёрҷониба ва амалиёти қарзӣ, Бонки байналмилалии ҳамкории иқтисодӣ (МБЭС) таъсис дода шуд.
Бонки байналмилалии ҳамкории иқтисодӣ дар фаъолияти худ ҳисоббаробаркунии бисёрҷонибаи клирингиро бо сабабҳои душвори амалии он ба системаи "рублҳои интиқолӣ" иваз намуд. Ин воҳиди

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо