Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

пулии ҷорикардашуда аз воҳиди пулҳои дар байни давлатҳои Европа амалкунанда бо номи ЭКЮ ва воҳиди пулҳои дар муомилоти байналмилалии амалкунандаи ХБА - СДР бо маблағҳои қарзҳои имтиёзноки ҷудокардашуда ва ҳисоббаробаркунии молии худ, куллан фарқ мекунад. Амали он бисёр содда буда, барои ҳавандманд кардани давлатҳои дигари ҷаҳон дар иштироки муомилоти молӣ бидуни доштани пулҳои ҷаҳонӣ шароити васеъ фароҳам овард. Давлатҳои мухталифи ҷаҳон баробари ба аъзогии Шӯрои Ҳамкории Иқтисодӣ қабул шуданашон бемалол метавонистанд аз ин воҳиди рублҳои интиқолӣ истифода баранд.

Дар асл, рублҳои интиқолӣ ин як системаи нави ҳисоббаробаркунии бонкии давлатҳои Шӯрои Ҳамкории Иқтисодӣ буда, онҳо танҳо дар навиштаҷоти суратҳисобҳои бонкӣ ба қайд гирифта мешаванд. Мувофиқи захираҳои тиллоии соли 1971 давлатҳои аъзои Шӯрои Ҳамкории Иқтисодӣ як доллари амрикоӣ баробари 0,7461 "рублҳои интиқолӣ" қабул шуда буд.

Ривоҷ додани муомилоти давлати худ, бидуни пулҳои нақди ҷаҳонӣ ворид намудани миқдори лозимаи ашёи хом барои истеҳсолоти дохилӣ, имтиёзҳои калони истифодаи қарзҳои Бонки байналмилалии ҳамкории иқтисодӣ боиси афзоиши муомилоти молии байни давлатҳои аъзои Шӯрои Ҳамкории Иқтисодӣ ва байни давлатҳои ҷаҳон гардида буд.

пешина
аз 785
навбатӣ