Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
БОБИ VIII. ҲАМГИРОИИ ИҚТИСОДИИ ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛ
8 декабри соли 1991 дар қароргоҳи "Вискули"-и Ҳукумати Белоруссия, ки дар яке аз гӯшаҳои хушманзараи ҷангалзори Беловежск воқеъ аст, вохӯрии сарварони давлатҳои Белоруссия, Россия ва Украина баргузор гардид, ки он яке аз рӯйдодҳои муҳими асри ХХ ба шумор мерафт. Сарварони ин се давлат бо имзо намудани Созишнома "Дар бораи таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил" ба фаъолияти 70-солаи Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ яку якбора ҳамчун субъекти байналмилалии ҳуқуқ ва ҳақиқати геополитикӣ хотима доданд. Дар изҳороти худ сарварони ин давлатҳо шахсан қайд карда буданд, ки гуфтушуниди тӯлонӣ оид ба тайёр намудани созишномаи иттифоқӣ натиҷаи дилхоҳ надод, баръакс ба роҳи ҳалли бисёр масъалаҳои дигари муҳим монеа мешуд. Дар натиҷа ҷараёни объективии аз ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ баромадани ҷумҳуриҳо ва бунёди давлатҳои нави мустақил ҳақиқати воқеии ин давра шуда монд. Дар баробари ин, сиёсати кӯтоҳандешонаи марказ дар ин солҳо яке аз сабабҳои асосии тезутунд шудани вазъияти иқтисодӣ ва сиёсии баъзе давлатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ гардида, ба таназзули истеҳсолот ва аз ҳад зиёд паст шудани сатҳи зиндагии тамоми табақаҳои аҳолии мамлакат оварда расонида буд. Дар натиҷаи тезутунд шудани вазъи иҷтимоӣ дар бисёр ҷумҳуриҳо даргириҳои дохилии байни миллатҳо ва талафоти ҷонии шумораи зиёди аҳолии бегуноҳ мушоҳида карда мешуд. Бинобар ин дар асоси вазъияти баамаломада сарварони давлатҳои Белоруссия, Россия ва Украина талаботи пухтарасидаи ҷамъиятро оид ба ҳарчӣ тезтар гузаронидани ислоҳоти сиёсӣ ва иқтисодӣ ба назар гирифта, созишномаро "Дар бораи таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил" ба имзо расонданд. Созишномаи мазкур аз 14 модда иборат мебошад. Дар моддаи 5-и ин созишнома омадааст: "Тарафҳои аҳдкунандаи сатҳи олӣ тақсимнопазирии ҳудуди давлатҳои якдигар ва дахлнопазирии сарҳадҳои мавҷударо эътироф ва эҳтиром менамояд".

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо