Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Сарварони давлатҳои сегона хуб дарк мекарданд, ки ҷумҳуриҳои минтақаи Кавказ, Осиёи Миёна ва Қазоқистон бе ҳамкорӣ бо ин се давлат ва онҳо бе ашёи хоми ин ҷумҳуриҳо иқтисодиёташонро пеш бурда наметавонанд. Аз ин нуқтаи назар онҳо дар Изҳороти худ махсус қайд карданд, ки дари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ҳайати ҷумҳуриҳои Белоруссия, Федератсияи Россия, Украина барои ҳамроҳ шудани дигар давлатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, инчунин барои давлатҳое, ки ин созишномаро дастгирӣ менамоянд, кушода аст.
Дар ибтидо созишномаи мазкур аз кандашавии робитаҳои хоҷагии тайи даҳсолаҳо миёни минтақаҳои собиқ ИҶШС ҷойдошта далолат намекард. Роҳбарони аксарияти собиқ ҷумҳуриҳои иттифоқӣ, бо дарназардошти робитаҳои бисёрсолаи кооператсионии истеҳсолӣ, пароканда шудани давлати ягонаро намехостанд, зеро тай даҳсолаҳои мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ системаи ягонаи комплексҳои мудофиавӣ, нақлиётӣ, энергетикӣ, илмӣ, низоми ҳифзи сарҳадоти берунӣ ва фазои ягонаи иқтисодӣ ташаккул ёфта буд. Вале ҷараёнҳои минбаъдаи мустақилшавӣ боиси гусасташавии робитаҳои иқтисодӣ гардиданд.
Аз моҳи декабри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар ҷумҳуриҳои собиқи иттифоқӣ ба татбиқи тадбирҳои қатъӣ дар бобати таҳкими истиқлолият ва мустақилияти сиёсию иқтисодии ҷумҳурӣ оғоз намуд.
Ҳолатҳои объективии парокандашавии ИҶШС собиқ ҷумҳуриҳои иттифоқиро водор сохтанд, ки стратегияи худро дар соҳаи сиёсати иқтисодии дохилӣ ва хориҷӣ мустақилона муайян намоянд.
Вале қарорҳо бидуни ба ҳисоб гирифтани омилҳои объективии тақсимоти меҳнат ва бе дарназардошти он ҳолате қабул мешуданд, ки баъзе ҷумҳуриҳои ИҶШС аз 18 то 25 фоизи маҳсулоти заруриро аз хориҷ меоварданд ва баъзеи дигарашон аз 30 то 80 фоизи талаботашонро бо захираҳои энергетикӣ ва молҳои саноатию озуқаворӣ аз ҳисоби воридот таъмин мекарданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо