Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Бо дарназардошти ҳолати иқтисодии бамиёномада, давлатҳои аъзои ИДМ ба хулоса омаданд, ки робитаҳои иқтисодии қаблан дар ИҶШС ҷойдоштаро бояд дар доираи ИДМ барқарор намуд.
Намояндагони давлатҳои мустақил дар шаҳри Алмаато ҷамъ шуда, эъломия қабул намуданд, ки дар асоси он ки ба Созишномаи таъсиси ИДМ Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Туркманистон, Ҷумҳурии Арманистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамроҳ шуданд. Дар баробари ин онҳо барои идора намудани сохтори тозабунёд, мақоми роҳбарии он - Шӯрои сарварони давлатҳо ва шӯрои сарварони ҳукуматҳоро интихоб намуда, баённомаи махсусеро қабул карданд, ки дар асоси он принсипҳои баробарҳуқуқии аъзоёни ин созмонро ба аҳли башар эълон намуда, ҳавасмандии худро нисбати ҳамкорӣ баҳри инкишофи фазои иқтисодии умумӣ ва ба зимма гирифтани иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ тасдиқ намуданд.
30 декабри соли 1991 сарварони давлатҳо ва ҳукуматҳои ИДМ аввалин маротиба дар пойтахти Белоруссия шаҳри Минск ҷамъ шуда, якчанд масъалаҳои муҳимро оид ба фаъолияти муштарак дар татқиқ ва истифодабарии фазои кайҳон, моликияти дар хориҷа будаи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, Қувваҳои Мусаллаҳ, қӯшунҳои сарҳадӣ ва қувваҳои стратегӣ ҳаллу фасл намуданд.
Аз байн рафтани роҳбарии марказии дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ амалкунанда фаъолияти бисёр вазорату корхонаҳоро душвор гардонида буд. Бисёриҳо аз рӯзҳои аввали соли 1992 бароҳмонии фаъолияти пурсамари вазорату корхонаҳои истеҳсолӣ, бунёди ҳукумати марказии давлатҳои ИДМ-ро, ки ҳаракатҳои аз бӯҳрони иқтисодӣ баромадани давлатҳои тозаистиқлолро ҳамоҳанг месозанд, пешниҳод намуданд.
Маълум буд, ки баъзе ҷумҳуриҳо ба чунин пешниҳод зид баромада, соҳибистиқлолияти худро аз нав тақсим кардан намехостанд.
Ҳукумати Россия низ ин масъаларо тезонидан намехост ва дар ҳолате, ки давлатҳои соҳибистиқлол мақсади бо кадом роҳ рафтани худ ва усули гузаронидани бозсозиҳои иқтисодиро ҳанӯз муайян

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо