Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
накардаанд, дар бобати таъсиси ҳукумати марказӣ сухан ронданро барвақт мешуморид.
16 январи соли 1992 сарварони давлатҳо ва ҳукуматҳои ИДМ дар шаҳри Москва ҷамъ шуда, дар баробари ҳалли масъалаҳои бехатарии кулли давлатҳои Иттиҳод гурӯҳи кориро барои тайёр намудани ҳуҷҷатҳои лозима ва гузаронидани маҷлиси Шӯрои сарварони давлатҳо ва Шӯрои сарварони ҳукуматҳои ИДМ таъсис доданд. Дар ин вохӯрӣ сарвари ҳамоҳангсози гурӯҳи корӣ Коротченко И.М. тасдиқ карда шуд.
Бо вуҷуди надоштани шароити мусоид, аз аввалҳои соли 1992 сар карда гурӯҳи кории таъсисдодашуда даҳҳо созишнома ва қарорҳои фаврии вобаста ба масъалаҳои рӯзмарраро тайёр намуда, пешниҳод кард, ки 8 феврали соли 1992 вохӯрии якуми сарварони ҳукуматҳо дар Москва ва 14 феврали соли 1992 вохӯрии президентони давлатҳои аъзои ИДМ дар Минск доир карда шавад.
Вохӯрии сарварони ҳукуматҳо дар Москва бо имзои 3 созишнома ва 7 протоколе, ки ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ-ро дар соҳаҳои иқтисодиёт муайян менамоянд, анҷом ёфт.
Дар баробари созишномаҳои баимзорасида созишнома "Дар бораи тартиби транзит" муҳимтарин созишнома ба шумор мерафт.
Созишнома "Дар бораи тартиби транзит" аслан ҷанбаҳои ҳаётан муҳими фаъолияти гумрукиро фаро мегирифт ва зимни татбиқи он мушкилоти зиёди ғайричашмдошт ба миён меомад. Дар доираи давлатҳои аъзои ИДМ таҳия намудани принсипи ягонаи сиёсати гумрукӣ лозим буд.
Мутобиқи моддаи 4 созишномаи мазкур борҳое, ки байни давлатҳои Иттиҳод интиқол дода мешаванд, аз пардохти боҷҳои гумрукӣ, андозҳо ва хироҷ барои барасмиятдарории гумрукӣ дар давлати транзит ва зарурати гирифтани иҷозатнома барои транзит озод карда мешаванд.
Дар моддаи 2 созишномаи тартиби интиқоли борҳои кишварҳои сеюм муайян шудааст. Борҳое, ки аз давлатҳои сеюм ба қаламрави давлати узви Иттиҳод бо роҳи транзит тавассути қаламрави давлатҳои дигари Иттиҳод ворид мешаванд, инчунин аз қаламрави

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо