Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
яке аз давлатҳои Иттиҳод ба давлати сеюм бо роҳи транзит тавассути қаламрави давлатҳои дигари Иттиҳод содир мегарданд, бояд мутобиқан дар давлати таъиншуда ё фиристодани ин борҳо таҳти барасмиятдарории гумрукӣ қарор дода шаванд. Транзити борҳои ба давлатҳои сеюм фиристодашавандае, ки аз ҷониби гумруки давлати ирсолкунандаи бор ба расмият дароварда нашудаанд, тавассути қаламрави давлатҳои аъзои Иттиҳод манъ буда, ба кишварҳои сеюм интиқол дода намешаванд. Чунин борҳо ҷиҳати барасмиятдарории гумрукӣ бо қувваву воситаҳои давлати ирсолкунанда нигоҳ дошта мешаванд. Тамоми хароҷоти марбут ба нигоҳдории мол аз ҳисоби ирсолкунандагон пардохта мешавад.
Мутобиқи моддаи 5 тарафҳои аҳдкунанда ӯҳдадор шудаанд, то номгӯи молҳоеро, ки содирот, воридот ва транзити онҳо тавассути қаламравашон манъ аст, ҳатман ба якдигар пешниҳод намоянд.
Мутобиқи моддаи 9 тамоми масъалаҳои баҳсноки марбут ба иҷро ва шарҳи моддаҳои Созишнома бо роҳи машварати байни хадамоти гумрукии тарафҳои аҳдкунанда ҳал мешаванд. Тарафҳои аҳдкунанда ба хадамоти миллии гумрукӣ супориш медиҳанд, ки дар хусуси тартиби ба расмияти гумрукӣ даровардани борҳои транзитӣ созишнома банданд.
Дар Созишномаи мазкур механизми татбиқи чораҳои ҷазо барои вайрон кардани қоидаҳо пешбинӣ шудааст, аз ҷумла дар моддаи 8 чунин омадааст: "Барои вайрон кардани муқаррароти Созишномаи мазкур аз тарафи субъектҳои хоҷагидорӣ ва шаҳрвандон нисбати онҳо дар давлате, ки дар қаламрави он ин муқаррарот вайрон карда шудааст, чораҳои ҷазои пешбининамудаи қонунҳои ин давлат татбиқ мешаванд".
Кишварҳои ИДМ 2 апрели соли 1992 Созишномаи тартиби барасмиятдарории гумрукии борҳои транзитиро ба имзо расониданд. Мутобиқи моддаи 2 борҳои аз давлатҳои сеюм ба давлатҳои иштирокчии Созишномаи мазкур воридшаванда аз гумруки сарҳадии давлати аввал то гумруки маҳалли таъиншуда тибқи расмиёти транзити гумрукӣ интиқол дода мешаванд. Дар ин сурат дар бланкаи декларасияи гумрукии бор ва дар ҳолати зарурӣ дар варақҳои

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо