Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
воқеии сарҳади Тоҷикистон у Афғонистонро баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ба назар гирифта, тибқи қарори махсуси худ ба мақсади мӯътадил гардондани вазъият дар сарҳади Тоҷикистон у Афғонистон гурӯҳи қӯшунҳои сарҳадии Федератсияи Россияро аз ҳисоби ҳарбиёни Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дигар давлатҳои аъзои Шӯрои амнияти коллективӣ мустаҳкам кард.
22 январи соли 1993 давлатҳои ихтиёран муттаҳидшуда дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ, Низомномаи Созмони Милали Муттаҳид ва Санади хотимавии Хелсинки Низомномаи ИДМ-ро тасдиқ намуданд.
Аз тарафи роҳбарияти 7 давлат ба имзо расидани Низомномаи ИДМ тамоми фикрҳои несолими паси пардаро аз байн бардошт.
Дар асоси Низомномаи тасдиқшуда ИДМ ҳамчун ташкилоти мустақил ва субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ эътироф карда шуда, вазифаи он дар оянда мустаҳкам намудани муносибатҳои дӯстона, мувофиқаи байни миллатҳо, боварӣ, якдигарфаҳмӣ ва ҳамкории муфиди байни аъзоёни ин иттиҳод мебошад.
Мувофиқи Низомнома мақсади Иттиҳод аз инҳо иборат мебошад:
• ба роҳ мондани ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, экологӣ,
башардӯстӣ, фарҳангӣ ва ғайра;
• таъмини ҳаматарафа ва мутавозини пешрафти иқтисодӣ ва
иҷтимоии давлатҳои аъзо дар доираи фазои умумии
иқтисодӣ, кооператсияи байнидавлатӣ ва ҳамгироӣ;
• таъмини ҳуқуқ ва озодии инсон мувофиқи принсипҳои
эътирофи умум, меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳуҷҷатҳои
САҲЕ;
• ҳамкории байни давлатҳои аъзо оид ба таъмини сулҳ ва
амнияти байналмилалӣ, татбиқи чораҷӯйҳои самаранок
вобаста ба кам кардани қувваҳои мусаллаҳ ва харҷоти ҳарбӣ,
аз байн бурдани яроқи ядроӣ ва намудҳои дигари яроқи қатли
ом, ба яроқпартоии умумӣ ва пурра ноил шудан;

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо