Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
• таъмини робита ва ҳаракати озоди шаҳрвандони давлатҳо дар ҳудуди Иттиҳод;
• ҳалли осоиштаи масъалаҳои баҳсталаб ва ихтилофот байни давлатҳои аъзои Иттиҳод.
14 майи соли 1993 Кумитаи ҳамоҳангсозиву машваратдиҳӣ ва 24 сентябри соли 1993 Котиботи иҷроияи ИДМ таъсис дода шуданд, ки мақомоти ҳамоҳангсоз ва тавсиядиҳандаи Иттиҳод ба шумор рафта, қароргоҳашон дар шаҳри Минск муқаррар карда шуд.
Худи ҳамон рӯз баъд аз баҳсу мунозираҳои тӯлонӣ аз тарафи Шӯрои сарварони ҳукуматҳои ИДМ созишнома оид ба бунёди Иттиҳоди иқтисодӣ ба Шӯрои сарварони давлатҳои ИДМ пешниҳод гардид. Президенти Федерацияи Россия Б. Елсин баромад намуда, ҳозиронро барои ҳамдигарфаҳмӣ ва дастгирии Ҳукумати Россия дар бобати дар мамлакат гузаронидани ислоҳоти конститутсионӣ, ки Россияро оҳиста-оҳиста ба мамлакати демократӣ табдил медиҳад, изҳори миннатдорӣ намуд. Баъд аз суханронӣ ба ҳуҷҷати аз ҳама муҳими сол - Созишнома оид ба бунёди Иттиҳоди иқтисодӣ тамоми сарварони давлатҳо, бидуни Туркманистону Украина, имзо гузоштанд.
Ҷиҳати татбиқи Созишномаи таъсиси Иттиҳоди иқтисодӣ, ки 24 сентябри соли 1993 дар шаҳри Москва ба имзо расидааст, Кумитаи байнидавлатии иқтисодӣ (КБИ) таъсис дода шуд, ки қароргоҳаш дар ш. Москва мебошад.
Ба ҳайати КБИ аз ҳар як кишвари аъзои ИДМ як намоянда дохил мешавад. Коллегияи Кумитаи байнидавлатии иқтисодӣ ташкил шуд, ки ба фаъолияти КБИ роҳбарӣ намуда, на камтар аз як маротиба дар ҳар семоҳа ҷаласа мегузаронад.
Масъалаҳои дар КБИ баррасишаванда самти иқтисодӣ дошта, мавзӯъҳои татбиқи иттиҳоди гумрукӣ ва пардохтӣ, бунёди низоми молиявию бонкӣ барои осон сохтани ҳисобу китоб дар савдои мутақобила ва ғайраро дар бар мегирад.
Сардорони давлату ҳукуматҳои Иттиҳод аз ибтидои таъсиси
ИДМ зиёда аз 400 шартномаю созишномаҳо ва асноди мухталифи

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо