Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
ҳуқуқӣро доир ба фаъолияти Иттиҳод, таҳкими робитаҳои байнидавлатӣ ва ғайра қабул карданд.
Тайи ин солҳо дар натиҷаи фаъолияти Шӯроҳои сарварони давлатҳо ва ҳукуматҳо, Котиботи иҷроияи ИДМ, инчунин мақомоти оинномавии он бунёд карда шуд.
Собиқ раиси Ҳукумати Федератсияи Россия В. Черномырдин, ки 9 сентябри соли 1994 дар Шӯрои сарварони ҳукуматҳои ИДМ раисӣ менамуд, изҳор кард, ки "Мо оид ба бунёди заминаҳои ҳуқуқии Иттиҳоди иқтисодӣ бо вуҷуди корҳои зиёдеро ба анҷом расонидан, бояд дар ояндаи наздик низ тадбирҳои фаврӣ андешем. Барои бунёди Иттиҳоди Европа 35 сол сарф шудааст. Мо ин хел фурсат надорем, бинобар ин бояд суръати фаъолияти кории мо дучанд зиёд шавад ва ҳатто дар ҳалли бисёр масъалаҳои назариявӣ бояд бештар таҷрибаи якдигарро истифода барем."
Доир ба масъалаҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва фаъолияти гумрукӣ дар доираи ИДМ 10 созишномаю ҳуҷҷатҳои асосӣ қабул карда шуданд:
-
Созишнома "Дар бораи тартиби транзит", ки аз ҷониби сардорони ҳукуматҳо 8 феврали соли 1992 дар Москва ба имзо расидааст;
-
Созишнома "Дар бораи принсипҳои сиёсати гумрукӣ", ки аз ҷониби сардорони ҳукуматҳо 13 марти соли 1992 дар Москва ба имзо расидааст;
-
Созишнома "Дар бораи шарту механизмҳои умумии дастгирии инкишофи кооперасияи истеҳсолии корхонаҳо ва соҳаҳои давлатҳои аъзои ИДМ", ки сардорони ҳукуматҳо 23 декабри соли 1993 дар Ашқобод ба имзо расонидаанд;
-
Созишнома "Дар бораи таъсиси минтақаи савдои озод", ки аз ҷониби сардорони давлатҳо 15 апрели соли 1994 дар шаҳри Москва ба имзо расидааст;
-
Созишнома "Дар бораи ҳамкорӣ ва кӯмаки мутақобила дар корҳои гумрукӣ", ки аз ҷониби сардорони ҳукуматҳо 15 апрели соли 1994 дар Москва ба имзо расидааст;

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо