Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Созишнома "Дар бораи ҳамкории хадамоти гумрукӣ дар масъалаҳои боздоштан ва баргардонидани сарватҳои фарҳангии ғайриқонунӣ ворид ва содиршаванда", ки аз ҷониби сардорони ҳукуматҳо 15 апрели соли 1994 дар шаҳри Москва ба имзо расидааст;

  2. Созишнома "Дар бораи реэкспорти мол ва тартиби додани иҷозатномаҳо барои реэкспорт", ки 15 апрели соли 1994 аз ҷониби сардорони ҳукуматҳо дар шаҳри Москва имзо шудааст;

  3. Усули ягонаи омори гумрукии савдои хориҷии ИДМ, ки 9 декабри соли 1994 аз ҷониби сардорони ҳукуматҳои ИДМ дар шаҳри Москва ба имзо расидааст;

  4. Асосҳои қонунгузории гумрукии ИДМ, ки 2 феврали соли 1995 аз ҷониби сардорони давлатҳо дар Алмаато ба имзо расидааст;

  5. Созишнома "Дар бораи номгӯи ягонаи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷии ИДМ", ки 3 ноябри соли 1995 дар шаҳри Москва имзо гардидааст.

Созишномаҳои номбаршуда, ки дар сатҳи сарварони давлатҳо ва ҳукуматҳои ИДМ имзо гардидаанд, барои нигоҳ доштан ва таҳкими фазои ягонаи иқтисодӣ, ҳаракати озоди мол ва ҳавасмандгардонии инкишофи робитаҳои иқтисодии хориҷӣ замина гузошта, ҷараёнҳои гумрукӣ дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҷойдоштаро танзим сохтанд ва боиси умумияти муносибат дар ташкили фаъолияти гумрукӣ ва якнавохт сохтани қонунгузории гумрукӣ ва расмиёти гумрукӣ гардиданд.

Марҳилаи муҳими барқарор намудани робитаҳои кандашудаи хоҷагӣ Созишнома "Дар бораи шарту механизмҳои умумии дастгирии инкишофи кооперасияи истеҳсолии корхонаю соҳаҳои давлатҳои аъзои ИДМ" мебошад, ки 23 декабри соли 1993 дар Ашқобод ба имзо расидааст. Дар Созишномаи мазкур таҳвили мутақобилаи маҳсулот, маснуоти васлшаванда ва масолеҳ бидуни ситонидани боҷу хироҷи гумрукӣ ва андозҳо дар асоси созишномаҳои дуҷонибаи байнисоҳавӣ ва рӯйхати мувофиқашудаю тасдиқгардидаи номгӯи молҳо пешбинӣ шудааст. Тарафҳо, бо дарназардошти робитаҳои мавҷураи технологии байни иқтидорҳои илмию техникӣ ва истеҳсолӣ, эътирофи нақши ҳалкунандаи

пешина
аз 785
навбатӣ