Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ҳамкории мустақими истеҳсолии субъектони хоҷагидории давлатҳои аъзои Иттиҳод дар бунёди фазои умумии иқтисодӣ дар заминаи муносибатҳои бозорӣ ва бо кӯшиши фароҳам овардани шароити мусоид барои дастгирии инкишофи муфиди кооперасияи истеҳсолӣ ва робитаҳои мустақими байни корхонаю соҳаҳо дар доираи Иттиҳод қарор доданд, ки:

ҷиҳати таъмини дастгирии давлатии татбиқ ва инкишофи
кооперасияи байни корхонаҳои дорои тамоми шаклҳои моликият,
комплексҳои соҳавӣ ва байнисоҳавӣ дар асоси робитаҳои мустақими
истеҳсолии онҳо, инчунин дар доираи гурӯҳҳои молиявию саноатӣ,
иттиҳодияҳои байнимиллии истеҳсолӣ ва корхонаҳои муштарак
тадбирҳои амалӣ меандешанд;

дар соҳаи инкишофи тахассус ва кооперасияи байналхалқии
истеҳсолот, шартҳои татбиқи онҳо; муайян намудани самтҳои
афзалиятнок дар соҳаҳои саноат; мусоидат барои таҳия ва татбиқи
лоиҳаҳо барномаҳои муштарак; ҳамоҳангсозии бисёрҷонибаи
истеҳсол, аз ҷумла соҳаи конверсияи саноати мудофиа, сиёсати
мувофиқашударо татбиқ менамоянд;

агар дар Созишномаи мазкур шарҳи дигаре зикр нашуда
бошад, таҳти молрасонӣ аз рӯи кооператсия - расонидани ашёи хом,
масолеҳ, қисму ҷузъҳо, қисмҳои эҳтиётӣ, захираю маҳсулоти
нимтайёр, қисмҳои васлшаванда ва маснуоти дигари таъиноти соҳавӣ
ва байнисоҳавие, ки аз лиҳози технологӣ ба ҳам алоқаманд буда,
барои истеҳсоли муштараки маҳсулоти ниҳоӣ заруранд; таҳти
хизматрасонӣ - корҳои лоиҳакашӣ, таъмир, хизматрасонии техникӣ
ва амалиёти технологӣ; таҳти молрасонӣ дар доираи низомҳои
гумрукии коркардаи мол - молрасонӣ мутобиқи шартҳои
муқаррарнамудаи қонунгузории гумрукии тарафҳоро дар назар
медоранд;

эътироф менамоянд, ки рукни асосии кооперасияи истеҳсолӣ ва
робитаҳои мустақим шартномаҳое (қарордодҳое) мебошанд, ки аз
ҷониби субъектони хоҷагидорӣ дар асоси созишномаҳои марбутаи
байниҳукуматӣ, соҳавӣ ва байниидоравӣ баста шуда, то таъсиси
иттиҳоди гумрукӣ барои мақомоти гумрук зимни рухсат додани

пешина
аз 785
навбатӣ