Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
молҳои аз рӯи кооперация тавассути сарҳад интиқолшаванда ҳамчун асос хизмат мекунанд. Ба расмияти гумрукӣ даровардани мол мутобиқи Созишномаи мазкур ва мувофиқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории гумрукии тарафҳо сурат мегирад;
нисбати молҳои тибқи кооперация дар доираи низомҳои гумрукии коркард интиқолшаванда боҷу хироҷи воридотию содиротии гумрукӣ, андозу аксизҳо ва маҳдудиятҳои миқдориро истифода намекунанд.
Барои татбиқи Созишномаи мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 январи соли 1994 қарорро "Дар бораи чораҳои таъмини иҷрои Созишномаи шарту механизмҳои умумии дастгирии инкишофи кооперасияи истеҳсолии корхонаю соҳаҳои давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Протокол дар бораи механизми татбиқи ин Созишнома" қабул кард.
Бо имзои Созишнома "Дар бораи принсипҳои сиёсати гумрукӣ" муносибати умумии давлатҳои аъзои ИДМ ба нигоҳ доштану таҳкими фазои ягонаи иқтисодӣ, таҳияи сиёсати умумӣ нисбати кишварҳои сеюм, якнавохт сохтани қонунгузории гумрукӣ ва расмиёти гумрукӣ, танзими тарифҳои гумрукӣ муайян карда шуд. Барои татбиқи мақсадҳои зикргардида иштирокчиёни Созишномаи мазкур дар хусуси таъсиси Иттиҳоди гумрукӣ қарор қабул карданд.
Вале вазъи воқеии сиёсию иқтисодӣ дар дохили ИДМ имконият надод, ки Созишномаи мазкур пурра татбиқ карда шавад.
Татбиқи Созишнома "Дар бораи принсипҳои сиёсати гумрукӣ" минбаъд дар таҳия ва имзои як қатор созишномаҳо аз ҷониби давлатҳои аъзои ИДМ доир ба масъалаҳои ҳалталаби марбут ба манфиатҳои ҳамаи ин давлатҳо ифода ёфт.
15 апрели соли 1994 аз ҷониби сарварони ҳукуматҳои кишварҳои ИДМ Созишномаҳо "Дар бораи ҳамкорӣ ва кӯмаки мутақобила дар фаъолияти гумрукӣ", "Дар бораи ҳамкории хадамоти гумрук доир ба масъалаҳои боздоштан ва баргардонидани сарватҳои фарҳангии ғайриқонунӣ содир ва воридшаванда" ва "Дар бораи реэкспорти мол ва тартиби додани иҷозатнома барои реэкспорт" ба имзо расонида шуданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо