Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Созишномаҳои мазкур бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 августи соли 1994 "Дар бораи тасдиқи созишномаҳо, ки дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба имзо расидаанд" тасдиқ карда шуданд.
Мутобиқи ин созишномаҳо хадамоти гумрукӣ бо мувофиқаи тарафайн ҷиҳати содда кардани расмиёти гумрукӣ тадбирҳои зарурӣ меандешанд, таъминоти гумрукии якдигарро (тамғаю нусха, мӯҳру штампҳо) эътироф намуда, дар ҳолати зарурӣ ба молҳои интиқолшаванда таъминоти гумрукии худро мегузоранд.
Молу воситаҳои нақлиёти ба тариқи транзит интиқолшаванда, ба истиснои ҳолатҳои набудани шубҳа дар мавриди вайронкунии қоидаҳои гумрукӣ зимни содирот ё воридоташон, аз муоинаи гумрукӣ озод карда мешаванд.
Тарафҳо метавонанд аз якдигар пешниҳоди шаҳодатномаҳоро доир ба тамоми масъалаи интиқоли бору воситаҳои нақлиёт ва барасмиятдарории гумрукии онҳо талаб намоянд.
Созишнома "Дар бораи ҳамкории хадамоти гумрукӣ доир ба масъалаҳои боздоштан ва баргардонидани сарватҳои фарҳангии ғайриқонунӣ содир ва воридшаванда" барои пешгирӣ намудани содирот, транзит ва воридоти ғайриқонунии сарватҳои фарҳангӣ, ки солҳои охир воқеан хусусияти оммавии бе назоратро ба худ гирифтааст, аҳамияти муҳим дошт. Созишномаи мазкур механизми ягонаи мубориза алайҳи интиқоли ғайриқонунии сарватҳои фарҳангиро аз тариқи сарҳадоти давлатӣ ва таҳкими ҳамкории гумрукиро дар ин соҳа муайян намуд. Дар Созишномаи мазкур пешбинӣ шудааст, ки минбаъд содироти сарватҳои фарҳангӣ танҳо дар асоси иҷозатномаҳои аз ҷониби мақомоти ваколатдор додашаванда имконпазир аст.
Ҳангоми баргардонидани сарватҳои фарҳангии ғайриқонунӣ ба хориҷ баровардашуда боҷу хироҷи гумрукӣ ситонида намешавад.
Ҷиҳати татбиқи мушаххастари Созишномаи мазкур хадамоти гумрукии давлатҳои аъзои ИДМ Низомномаи "Дар бораи тартиби баргардонидани сарватҳои фарҳангии ғайриқонунӣ содиршаванда"-ро

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо