Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
таҳия намуданд. Созишномаи мазкур дар ҷаласаи 16 Шӯрои роҳбарони хадамоти гумункии ИДМ қабул карда шуд.
Дар тиҷорати мутақобилай байни давлатҳои аъзои ИДМ, бо дарназардошти робитаҳои хоҷагидории таи даҳсолаҳо ташаккулёфта, зимни содироти мол аз қаламрави гумункии онҳо ба қаламрави кишварҳои Иттиҳод имтиёзҳои муайян пешбинӣ шудаанд.
Бо таҳкими мунтазами Иттиҳод дар доираи ИДМ бо мақсади мусоидати якдигар дар таъмин ва ҳифзи манфиатҳои тарафайн дар соҳаи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ зарурати таҳия ва қабули ҳуҷҷатҳои зарурии танзимкунандаи тартиби ба амал баровардани реэкспорт ба миён омад.
15 апрели соли 1994 аз ҷониби сардорони ҳукуматҳои ИДМ дар баробари ҳуҷҷатҳои дигари байниҳукуматӣ Созишнома "Дар бораи реэкспорти мол ва тартиби додани иҷозатнома барои реэкспорт" ба имзо расонида шуд.
Мутобиқи Созишномаи мазкур реэкспорти мол танҳо дар сурати мавҷуд будани иҷозатномаи ба таври зарурӣ тартибдодашуда имконпазир аст. Ҳамчунин муқаррар гардид, ки иштирокчиёни Созишномаи мазкур ба реэкспорти рухсатнешуда роҳ нахоҳанд дод.
Тарафҳо ӯҳдадор шуданд, ки бо рӯйхати молҳои реэкспортшаванда мубодила мекунанд. Ҳангоми ба амал баровардани реэкспорт кишвари истеҳсолкардаи мол метавонад аз реэкспорткунанда ӯҳдадории ҷуброни як қисм, вале на зиёдтар аз нисфи фарқи байни нархи муомилоти марбут ба реэкспорти мол ва нархи муомилоти марбут ба воридоти мол аз кишвари истеҳсолкардаи онро талаб намояд.
15 апрели соли 1994 роҳбарони давлатҳои аъзои ИДМ дар ш. Москва Созишнома "Дар бораи таъсиси минтақаи савдои озод"-ро ба имзо расонданд, ки ин рӯйдоди муҳим буд. Дар паррави Созишномаи мазкур давлатҳои аъзои Иттиҳод, ҷонибдории худро дар инкишофи озоди ҳамкории мутақобилаи иқтисодӣ тасдиқ намуда, дар самти татбиқи мунтазами муқаррароти Шартнома дар бораи таъсиси Иттиҳоди иқтисодӣ амал карда, қарор доданд, ки дар

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо